Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд гӯем, хато намешавад.
Вохӯриҳои мунтазами Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев бо ҷавонон ба майдони муколамаи ошкоро ва қабули қарорҳои амалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологӣ баррасӣ гардида, барои дастгирии насли нав иқдомҳои мушаххас пешниҳод мешаванд. Инчунин, ҷиҳати аҳамиятноки вохӯрии охирини Сарвари давлатамон дар он буд, ки рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафтаро «Рӯзи ҷавонон» эълон карда, дар он мо роҳбарон муаммо, ғоя ва стартапҳои насли навро мешунавем, ба онҳо роҳи дурустро нишон медиҳем.
Эътибор ба оилаҳои ҷавон
Ҳар сол дар кишвар садҳо ҳазор оилаи нав таъсис меёбад. Бо дарназардошти ин омил, масъалаи хонаву ҷой ва шароити арзандаи зиндагӣ дар маркази эътибори сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар вохӯрии охирин бо ҷавонон Президентамон таъкид намуданд, ки тибқи барномаи ипотекавии давлатӣ, қисми фоизи кредит, ки аз 14 дарсад зиёд аст, аз буҷет ҷуброн карда мешавад.
Ин бешубҳа ба беҳбуди вазъи иҷтимоии ҷавонон ва таҳкими арзишҳои оилавӣ мусоидат мекунад.
Дар вилояти Самарқанд низ барои оилаҳои ҷавон сохтмони манзилҳои нав густариш ёфтааст. Бо истифода аз барномаҳои имтиёзнок, даҳҳо оила соҳиби хона ва шароити зиндагии онҳо беҳтар шудаанд. Коршиносон чунин дастгириро омили коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи некӯаҳволӣ арзёбӣ мекунанд.
Рушди фазои маънавӣ
Дар мулоқотҳои сатҳи олӣ масъалаи ҳавасмандгардонии эҷодкорон низ мавқеи муҳим дорад. Ба нависандагони боистеъдод супориши эҷодӣ дода мешавад ва барои як сол ҳар моҳ маблағи муайян ҳамчун ҳаққи қалам пардохт мегардад. Ҳамчунин, нисфи хароҷоти тарҷума ва нашри асарҳои миллӣ ва хориҷро ҷуброн мекунанд.
Ин иқдом барои боз ҳам рушд ёфтани адабиёт ва муаррифии фарҳанги кишвар дар хориҷ замина фароҳам меорад.
Вилоятамон, ки яке аз марказҳои таърихию фарҳангӣ аст, дар ин раванд нақши фаъол дорад. Ҷавонони мо соҳаи мусиқӣ, адабиёт ва санъатро бо муваффақият омӯхта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фестивалҳои байналмилалӣ истеъдоди худро нишон медиҳанд.
Технологияҳои замонавӣ — ояндаи ҷавонон
Рушди технологияҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар марказҳои омӯзиши IT ва барномасозӣ таъсис ёфтаанд. Ҷавонон имконият доранд дар самтҳои рақамисозӣ, стартапҳо ва соҳибкории инноватсионӣ фаъолият пеш баранд.
Вохӯриҳои Президенти мамлакат бо ҷавонон нишон медиҳанд, ки насли ҷавон ҳамчун шарики фаъоли ислоҳот арзёбӣ мегардад. Дастгирии оилаҳои ҷавон, фароҳам овардани шароити эҷодӣ ва рушди технологияҳои муосир барои суботи иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодӣ равона шудааст. Ҳоло ҷавонон на танҳо оянда, балки нерӯи фаъоли имрӯзии кишвар мебошанд.
Дилфуза АЗИЗОВА,
роҳбари Садорати кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд
