Рӯзи 8-10-уми сентябр дар толори маҷлисии Маркази сайёҳии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд анҷумани муштараки ду ташкилоти бузурги ҷаҳон оид ба нассоҷӣ (бофандагӣ) — Федератсияи истеҳсоли байналмилалии нассоҷӣ (ITMF) ва Федератсияи байналмилалии либос (IAF) баргузор мегардад.
Федератсияи истеҳсоли байналмилалии нассоҷӣ 123 иттиҳоди бофандагии ҷаҳонро муттаҳид намуда, дар васеътар кардани алоқаҳои ҷаҳонии корхона ва брендҳои таркиби онҳо мусоидат мекунад.
Федератсияи байналмилалии либос бошад, 60 иттиҳод ва зиёда аз 100 ҳазор бренд ва ширкатҳои хурди тиҷоратии таркиби онҳоро муттаҳид месозад. Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон ба узвияти ITMF соли 2014 ва ба узвияти IAF соли 2020 пазируфта шуда буд.
Анҷумане, ки дар мавзӯи «Инноватсияҳо, ҳамкорӣ ва тартиб — нерӯҳои ба ҳаракатдарорандаи саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли либос» гузаронида шуд, на танҳо намояндагони саноати нассоҷии Ӯзбекистон, балки мутахассисони пешсафи ҷаҳонро муттаҳид намуд. Барои гузаронидани ин анҷуман Туркия, Миср, Индонезия ва ҳатто ИМА барин кишварҳои ҷаҳон даъвогарӣ кардаанд, вале дар Ӯзбекистон гузаронида шудани он муайян гардид.
Дар анҷуман брендҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла ташкилотҳои Zorlu Holding, SANKO Textile-и Туркия, Cao Jia-Chang CCCT, Sycoretec CAS-и Хитой, Jas Bedi Bedi-и Ҳиндустон, American & Efird LLC-и Амрико, Säntis Textiles-и Сингапур, Giant Textile-и Бангладеш ва дигар ташкилотҳои бонуфуз иштирок карданд.
Дар рӯзи аввали конференсия, ки бо ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон, инчунин, иттиҳоди «Ўзтўқимачиликсаноат» ташкил гардид, масъалаҳои технологияҳои муосири индустрияи нассоҷии ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ, имкониятҳои ҳамкорӣ ва ба тартиб даровардани соҳа баррасӣ гардиданд.
Зимни анҷуман сессияҳо оид ба нах, бофандагӣ, стандардсозӣ ва сертификатсозӣ гузаронида шуда, дар онҳо мутухассисони хориҷӣ бо маърузаҳои худ иштирок намуданд.
9-уми сентябр, рӯзи дуюм, анҷумани муштарак расман ба кори худ шурӯъ кард. Дар он нахуст аз ҷониби ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев табрики Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони анҷуман хонда шуд.
Сипас, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов иштирокдоронро шодбод гуфта, таъкид кард, ки дар Самарқанд гузаронида шудани анҷумани муштараки аввалини ду ташкилоти бузурги нассоҷӣ барои самарқандиён ва ҳамаи ӯзбекистониён ифтихор аст.
— Самарқанд бо анъанаҳои қадимии соҳаи нассоҷии худ имрӯзҳо дар ин самт аз қатори пешсафон ҷой мегирад, — гуфт Э.Турдимов. — Дар вилояти мо зиёда аз 820 корхонаҳои саноати нассоҷӣ фаъолияти самаранок пеш мебаранд. 20 дарсади саноати истеҳсолии минтақаамонро саноати нассоҷӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ин соҳа яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии мо ҳисобида мешавад. Дар 5 соли охир содироти маҳсулотҳои текстилӣ ба 2,5 баробар зиёд шуд ва имрӯзҳо маҳсулотҳои текстилии вилояти Самарқанд ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон экспорт карда мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки мо бо брендҳои машҳури ҷаҳон ҳамкорӣ дорем. Минтақаи мо сармоягузоронро барои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳо даъват менамояд.
Дар идома раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов, президенти Федератсияи истеҳсоли байналмилалии бофандагӣ K.В.Сринивасан, президенти Федератсияи байналмилалии либос Ҷем Алтан ва дигарон оид ба аҳамияти анҷуман, созишномаҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда ҳарф заданд.
— Дар конфронси имрӯза бисёр ширкатҳои нассоҷии бузурги ҷаҳон иштирок доранд, — гуфт сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарипов. — Ин барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон мусоидат намуда, ба рушди соҳаи нассоҷӣ дар минтақа аҳамияти калон дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар конфронси имрӯза ба роҳ мондани гуфтушунидҳо байни ширкатҳо, инчунин мақомотҳои давлатӣ муфид арзёбӣ мешавад.
Чорабинӣ бо намоиши либосҳо идома ёфт. Дар он либосҳои миллӣ ва замонавие, ки аз ҷониби дӯзандаҳои самарқандӣ, аз ҷумла «Happy bird samarkand art gallery», «Fazman garment industry», «Meros» ва ғайраҳо тайёр карда шудаанд, намоиш дода шуданд.
Дар қисми дуюми рӯз сессияҳо оид ба саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Ӯзбекистон, барқарорӣ ва тартиб, шуури сунъӣ дар силсилаи қимати нассоҷӣ доир гардиданд.
Ҳ.СУЛАЙМОНӢ
