Дар Бозиҳои XVII паралимпии шаҳри Париж, ки аз 28‑уми август то 8‑уми сентябр гузаронида шуд, ҳамватанонамон 10 медали тилло, 9 нуқра ва 7 биринҷиро ба даст оварда, ба Ӯзбекистон баргаштанд. Онҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов бо тантана пешвоз гирифта шуданд.
Солҳои охир фарзандони диёрамон дар мусобиқаҳои байналмилалии спорт ғалабаҳои бузургро ба даст меоваранд, ки ин пирӯзии онҳо ба саҳфаҳои таърихи кишварамон бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешавад. Ба қарибӣ дар бозиҳои тобистонаи Париж варзишгаронамон соҳиби 8 медали тилло, 2‑то нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуда, ба сиюсеюмин солгарди истиқлолиятамон тӯҳфаи арзанда пешкаш намуда буданд. Натиҷаҳои хуби онҳоро паралимпиячиёнамон идома доданд. Дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки Фаронса мезбонӣ мекард, варзишгаронамон муносиб иштирок намуда, бо нишондоди рекордӣ дар роҳи обрӯю нуфузи Ватанамонро байни кишварҳои ҷаҳон боз ҳам баланд бардоштан, саҳми худро ҳамроҳ карданд.
Масъулон, ки дар маросими пешвозгирии онҳо суханронӣ карданд, қайд намуданд, ки варзишгарони матини мо қаҳрамони ҳақиқӣ гардида, дар натиҷа ҳайати вакилони паралимпиро дар байни 168 кишвари ҷаҳон ҷойи 13‑ум, аз ҷумла дар Осиё ҷойи сеюм, дар байни кишварҳои узви ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Чемпиони секаратаи Бозиҳои паралимпӣ Ҳусниддин Норбеков ва барандаи медали тилло Асила Мирзоёрова, мураббӣ Сардор Абдухолиқов, инчунин падару модарони чемпионҳо ба сухан баромада, қайд намуданд, ки дар оянда барои ба даст овардани пирӯзиҳои нав тамоми нерӯи худро сафарбар хоҳанд кард.
Пас аз он қаҳрамонони Париж‑2024 бо автобусҳои махсус ба Кумитаи миллии паралимпӣ рафтанд. Дар саҳни Кумита маросими ботантана баргузор гардида, дар он раиси Сенат Танзила Нарбоева ва муовини ӯ Содиқ Сафоев, раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддин Исмоилов тӯҳфаҳои Сарвари давлатро ба қаҳрамонони Ватан тақдим намуданд.
Тибқи қарори Президент,
— 200 000 доллари ИМА, мошини Tahoe, коттеҷи 2‑ошёна барои медалҳои тилло;
— 100 000 доллари ИМА, мошини BYD Song Plus EV Champion Flagship ва хона ба медалҳои нуқра;
— 50 000 доллари ИМА, мошини BYD Song Plus DM–I Champion Flagship ва хона ба ғолибони медалҳои биринҷӣ тақдим карда шуд.
Дар мусобиқоти паралимпӣ ду варзишгар: Толиббой Юлдошев (тилло ва биринҷӣ) ва Нурхон Қурбонова (тилло ва биринҷӣ) ду медал ба даст оварданд. Ба онҳо ҳам 200 000 ва ҳам 50 000 доллар ҷудо карда шуд.
Ҳусниддин Норбеков аввалин варзишгаре, ки барандаи секаратаи Бозиҳои паралимпӣ шуд, Шоҳина Йигиталиева дар ҳайат ҳамчун ҷавонтарин варзишгаре, ки соҳиби ҷоизаи Паралимпӣ гардид, ба таърих ворид шуд.
