Ovozi.uz

Трамп: «Месси беҳтарин футболбози ҳама давру замон аст»

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп бори аввал бо капитани дастаи “Интер Майами” Лионел Месси мулоқот анҷом дод.

Рӯзи 5-уми март ҳайати дастаи “Интер Майами” ба Кохи Сафед даъват шуд ва бо президенти ИМА вохӯрд. Дастаро капитан Лионел Месси роҳбарӣ кард.

Футболбозони клуб ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷоми MLS-2025 барои қадрдонӣ ба Кохи Сафед даъват гардиданд.

“Ман ифтихор дорам, ки аввалин президенти ИМА ҳастам, ки Лионел Мессиро дар Кохи Сафед истиқбол мекунад! Лионел, писари ман мухлиси ту аст. Ӯ туро воқеан шахси бузург мешуморад. Ташаккур, ки омадӣ! Ман фикр мекунам, ки аз миёни ҳамаи футболбозони даста маҳз Месси зери фишори бештар қарор дошт, зеро аз ӯ ҳамеша ва дар ҳама ҷо танҳо пирӯзӣ интизор мешаванд. Ӯ боз нишон дод, ки қаҳрамони ҳақиқӣ аст ва дар ИМА унвонро ба даст овард. Мегӯянд, ки Пеле дар футбол хеле олӣ буд. Пас бузургтарин футболбози ҳамаи давру замон кӣ аст — Пеле ё Лионел Месси? Ҳамаи ҳозирин посух доданд: “Месси!”. “Ман ҳам розӣ ҳастам. Ба фикрам, ӯ бузургтарин бозигар аст” — изҳор дошт Доналд Трамп.

Ёдовар мешавем, ки Мессии 38-сола аз соли 2023 инҷониб дар ҳайати бошгоҳи «Интер Майами» бозӣ мекунад. Илова бар ҷоизаи MLS-и соли 2025, Месси бо даста Ҷоми Лигаи соли 2023 ва унвони мавсими муқаррарии MLS-и соли 2024-ро ба даст овардааст.