Ovozi.uz

Дар Самарқанд фурӯши нӯшокии спиртии қалбакӣ ба маблағи 440 миллион сӯм боздошта шуд

Дар вилоят фурӯши нӯшокиҳои спиртии қалбакӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора аз Садорати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ хабар доданд.

Мувофиқи он, бо ҳамкории шуъбаи ноҳияи Тайлоқи Садорати назди Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораи фаврӣ андешида шуд.

Муайян карда шуд, ки дар анбори шаҳрванд Б.Ф. ҳамагӣ 16 960 адад нӯшокиҳои спиртии қалбакӣ бо тамғаи аксизӣ аз 86 намуд бо арзиши умумии 440 миллион сӯм барои фурӯш нигоҳ дошта мешуданд ва ин маҳсулот ҳамчун далели шайъӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҳоло, мувофиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.