Дар зиндагонии одамизод китоб мавқеи бузург дорад. Аҳамияти китобхонӣ, махсусан барои кӯдакон муҳим аст.
Мутолиаи китоб барои рушди зеҳнӣ, тафаккур, бой гардидани луғат, ривоҷёбии ҷаҳонбинӣ, эҷодкорӣ, тарбияи ахлоқӣ ва мустаҳкам шудани диққати бачаҳо ёрӣ мерасонад. Аз оғози ташаккули одати китобхонӣ дар хурдсолӣ муҳаббат нисбат ба китоб пайдо мешавад.
Китобхонаҳои бачагона дар тарбияи насли босавод, бофарҳанг ва эҷодкор нақши муҳим доранд. Агар кӯдак аз хурдӣ бо китоб дӯст шавад, дар оянда шахси муваффақ ва огоҳ мегардад.
Китобхонаи вилоятии бачагонаи Самарқанд дар бинои таърихӣ ҷойгир мебошад. Он дар айни замон обидаи меъморӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.
Китобхонаи бачагонаи вилоят яке аз биноҳои хеле зебои шаҳри Самарқанд аст, ки соли 1911 сохта шудааст. Дар охирҳои асри XIX масъалаи бунёди китобхонаи оммавӣ бардошта шуд ва ташаббускори пешниҳоди ин ғоя археологи машҳур Василий Вяткин буд.
Ҳамон солҳо бино ду шуъба: китобхонаи оммавӣ ва музей дошт. Аз сабаби сол ба сол зиёд шудани фонди китоб ва экспонатҳои музей соли 1934 музейро ба бинои дигар кӯчониданд.
Соли 1971 ба китобхонаи бачагонаи вилоят номи олими энсклопедисти машҳур Абӯрайҳони Берунӣ дода шуд.
Баъд, дар асоси қарори Президенти мамлакатамон аз 20 уми июни соли 2006 «Дар бораи ташкили таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо ахбор-¬китобхона» китобхона соҳиби мақоми Маркази ресурс — ахбор гардид.
Агар соли 1941 фонди китобхона 6789 адад адабиётҳои гуногун, 23 номгӯи маҷалла ва 41 хели рӯзномаҳоро ташкил карда, аз онҳо 8000 нафар истифода бурда бошанд, ҳоло дар хазинаи ин китобхона 96859 нусха китобҳои гуногун мавҷуд мебошад. Аз онҳо бештар аз 2000 нафар донишомӯзони мактабҳо истифода мебаранд. Китобҳо асосан ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва ғайра мебошанд. Фонди китобхона ҳар сол аз 500 то бештар аз 1000 адад зиёд мешаванд.
— Ҳозир бачаҳо ба телефон дода шудаанд ва ба назарам, аз ҳамин сабаб аз китобхонӣ дур гардиданд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи директори китобхонаи бачаҳои вилоят Нигора Худойбердиева. — Бо мақсади ба китобхонӣ ҷалб намудани хонандагон ба мактабҳо рафта, ҳар гуна тақдимотҳо мегузаронем, вохӯриҳо ташкил менамоем ва онҳоро ба китобхонӣ тарғиб мекунем.
Аз рӯи гуфтаи ҷонишини директори китобхона Гулбаҳор Шарифова маълум шуд, ки тибқи қарори Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, рушди фарҳанги хониш ва ташвиқи мутолиаи китоб аз соли 2019 инҷониб, «Фестивали китобхонӣ» гузаронида мешавад. Ин фестивал порсол дар Самарқанд баргузор шуд. Дар он донишомӯзони 1272 мактаби вилоят иштирок карданд.
Дар доираи ин фестивал 5 озмун-¬азназаргузаронӣ гузаронида шуданд. Масалан, дар озмуни «Эртакчи болаҷон» («Бачаи афсонадӯст») хонандагони синфҳои 1–4 иштирок карданд. Дар озмуни «Китобхони аз ҳама фаъол» донишомӯзони синфҳои болоӣ қувваю маҳорати худро намоиш доданд. Дар самти «Бачаҳои эҷодкор» бачаҳое, ки шеър, ҳикоя, афсона менависанд, иштирок карданд ва қувваи эҷодии худро санҷиданд. «Оилаи китобхон»: дар ин чорабинии фестивал бачаҳо бо аҳли оилаашон китобхонӣ мекунанд. Дар озмуни «Китобдори аз ҳама беҳтарин» ҳатто 1262 китобдори китобхонаҳои мактабҳои вилоят иштирок карданд. Ҳамаи иштирокчиёни дар зинаҳои ноҳиявӣ ғолиб омада, дар озмуни вилоятӣ қувваозмоӣ карданд. Фестивали вилоятӣ дар давоми ду рӯз гузашт. Дар охир ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳо бахшида шуданд. Ин хел чорабиниҳо иштиёқи китобхонии бачаҳоро зиёд мекунад.
Б.ҶУМЪАЕВ
