Он рӯз Арт-галерияи мусаввараҳои Академияи бадеии вилоят бо асарҳои санъати тасвириву амалӣ оро ёфта буд.
Дар он ҷо бачаҳо, падару модарони онҳо ва меҳмонон, ки бисёр буданд, руҳи олами хушу беғубори бачагӣ ҳукмронӣ мекард. Дар он ҷо бо ташаббуси омӯзгорони мактаби санъат ва мусиқии бачаҳои рақами 12‑и ноҳияи Самарқанд Раҳима Раббимова, Дилшодаи Иноятуллоҳ ва Мафтуна Холмуродова намоиши хайриявии «Орзуҳои рангин»-и шогирдони ин дабистон баргузор гардид. Онро роҳбари шуъбаи вилоятии Академияи бадеии эҷодкорони Ӯзбекистон Аҳмад Исоев бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ба корҳои эҷодии минбаъдаи рассомони наврас муваффақиятҳо таманно кард.
Дар галерея қариб 300 асари эҷодкорони наврас — шуъбаҳои санъати тасвирӣ ва амалии мактаб ба намоиш гузошта шуд. Расму мусаввараҳои бачаҳо, ки орзуҳои рангини худро бо қаламу мӯйқалам ифода карда буданд, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекард. Расму тасвир ва мусаввараҳои нотакрори хонандагони болаёқати мактаб — Амир Аброров, Шабнам Муродова, Лола Ҳамдамова, Шоҳҷаҳон Хуршедов, Меҳрубон Аҳадқулова, Ҳасан ва Ҳусейн Алоҳиддиновҳо, Амирҷон Мӯъминов, Малика Комилҷонова, Шабнам Равшанова, Рухшона Иброҳимова, Райҳона Наимова, Ислом Саломзода, Озода Иззатуллоева, Нозанин Ботирбоева, Аниса Аминҷонова, Сумая Усмонова, Шаҳло Амруллоева, Азиза Нуриддинова, Интизор Роббимова, Диёра Ҷӯраева, Шаҳзодабону Асророва, Диёра Олимҷонова, Фарзона Орифҷонова, Ҷасмина Комилова, Самира Дӯстматова, Меҳрона Хуршедова, Малика Ҳамидҷонова, Дурдона Аҳмадҷонова, Сардор Норқулов ва дигарон боиси ифтихори омӯзгорони мактаб буд. Аз онҳо тамошобинон ҳам ҷаҳон-ҷаҳон баҳра мебардоштанд.
Ин гуна бачаҳои соҳибистеъдоду рангинхаёлро киҳо тарбия мекунанд? Ба ин савол аз ҳамин ҷо ҳам ҷавоб ёфтан мумкин буд. Зеро муаллимаи санъати тасвирии мактаб Дилшодаи Иноятуллоҳ силсилаи карикатураҳои дилрабои омӯзгоронро ҳам кашида, дар намоишгоҳ ҷо дода буд. Расмҳо аз олами зоҳириву ботинӣ ва дӯстдории касби худи онҳо гувоҳӣ медоданд.
— Дар мактаби санъат ва мусиқии бачаҳои ноҳияи мо 36 нафар омӯзгорону мутахассисон кор мекунанд, — гуфт директори мактаби мусиқӣ Шаҳриёр Нормуродов ҳангоми суҳбат. — Онҳо аз рӯйи 12 самт ба наврасон нозукиҳои санъатро ёд медиҳанд. Шумораи умумии ҳунаромӯзони мактаб бештар аз 200 нафаранд. Ташкили чунин чорабиниҳо аввало тарғиби санъату ҳунар бошад, аз тарафи дигар ба тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва меҳнатдӯстиву ватанпарварии насли наврас мусоидат мекунад.
Мақсади асосии ин намоишгоҳ дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таблиғи ғояҳои некӣ тавассути корҳои эҷодии бачаҳо аст. Маблағе, ки аз намоишгоҳ ҷамъоварӣ шуд, барои мақсадҳои хайрия равона карда мешаванд.
М.ҶУМЪАЗОДА
