Шарҳи қарор
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омодагӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2026» қабул гардид.
Дар оғози қарор зикр шудааст, ки бо шарофати ислоҳоти густурдае, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, дар роҳи таъмини қадри инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими муҳити сулҳ, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар ҷомеа ва тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ қадамҳои бузург гузошта мешаванд. Ин ҳама моҳияти инсонпарваронаи ҷашни Соли нави шарқиёна — Наврӯзи оламро, ки дорои таърихи куҳан ва анъанаҳои ғанӣ мебошад, инчунин аҳамияти арзишҳои абадии он, чун таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ ва меҳру муҳаббатро боз ҳам афзун менамояд.
Мувофиқи қарор, ҷашни Наврӯз, ки солҳои охир дар ҳамоҳангӣ бо дигаргуниҳои воқеан таърихӣ, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, мазмуну муҳтавои боз ҳам амиқтар пайдо кардааст, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва саросари кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ ва рӯҳияи болида ҳамчун сайри умумихалқӣ, истиқбол гирифта мешавад.
Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд, марказҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо, ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳо чорабиниҳои ташкилӣ-амалӣ, фарҳангӣ-маънавӣ ва тарғиботӣ зимни ғояи неки «Бузургдошти Наврӯз, бузургдошти инсон аст!» гузаронида хоҳанд шуд.
Бо мақсади дар маҳалҳо дар сатҳи баланд баргузор намудани тамоми чорабиниҳо бахшида ба ҷашни умумихалқии Наврӯз мутобиқи самтҳои асосӣ ва тавсияҳое, ки дар консепсия баён гардидаанд, инчунин барои таъмини иштироки фаъоли ҳамватанон дар онҳо, ба якчанд масъалаҳо диққати махсус дода мешавад.
Баргузор намудани чорабиниҳои идона бо мазмуну шакли муассир, ки бедории олами ҳастӣ, ҳамоҳангии байни инсону табиат, меҳру таваҷҷуҳ ба модар-заминро ифода намуда, ҳамватанони моро ба қадрсозии зиндагии орому осудаи имрӯза, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин ва зиндагӣ бо эҳсоси шукргузорӣ водор менамоянд; тарғиби ислоҳоти амиқи демократие, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, тағйироти мусбате, ки дар ҳаёти рӯзмарра, шуур ва ҷаҳонбинии мардум ба амал меоянд, инчунин фазилатҳои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, ки махсусан дар рӯзҳои Наврӯз бараъло намоён мегарданд, аз он ҷумлаанд.
Ғайр аз ин, бо назардошти дар ҳамоҳангӣ бо иди мубораки Рамазон таҷлил гардидани ҷашни имсолаи Наврӯз ва ба таҳкими тамоюлҳои инсондӯстонаи он мусоидат намудани ҷашн, гиромидошти ҳамаҷонибаи намояндагони насли пиронсол, бахусус, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони фронти меҳнат, инчунин хабар гирифтан аз аҳволи истиқоматкунандагони хонаҳои «Меҳрибонлик», «Саховат» ва «Мурувват», инсонҳое, ки дар дафтарҳои ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд ва ба кумак ниёз доранд, ташкили дастархонҳои идона барои онҳо ва гузаронидани чорабиниҳои хайрия бо иштироки фаъолони маҳалла, намояндагони ҷавонон ва занону духтарон низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» муайян шуданд, иҷро гардида, дар арафаи ҷашн дар тамоми минтақаҳо, кӯча ва майдонҳо, маҳалла, ноҳия ва шаҳрҳо корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ, гузаронида, маъракаҳои «Ман ҳам ниҳол мешинонам» ва ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил хоҳанд шуд.
Урфу одатҳои миллӣ, анъана ва арзишҳои намояндагони миллат ва халқиятҳои гуногуне, ки дар кишварамон зиндагӣ мекунанд, бо мақсади таҳкими фазои дӯстии байни миллатҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар ҷомеаамон ҳукм меронад, васеъ нишон дода мешаванд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои идона намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандон, мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои миллии варзиш, намоишҳои китоб, ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ бо нархҳои арзон, нуқтаҳои сайёри савдо ташкил гардида, дар ярмаркаҳо таомҳои баҳорӣ омода ва озмунҳои гуногун гузаронида хоҳанд шуд.
Илова бар ин, таърихи ҷашни Наврӯз, урфу одат ва анъанаҳои вобаста ба баргузории он дар ҳар як минтақа, дар ҷараёни тантанаҳои идона дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ба воситаи васоити ахбори оммавӣ инъикос хоҳанд ёфт.
