Ovozi.uz

Маск боз сарватмандтарин шахси сайёра шуд

Муассиси ширкатҳои Tesla ва SpaceX — Илон Маск соли дуюм пай дар пай дар раддабандии сарватмандтарин одамони ҷаҳон аз рӯи версияи Forbes ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дороии ӯ 839 миллиард доллар буда, ин қариб 2,5 маротиба бештар аз соли гузашта аст.

Ҷойи дуюмро ҳаммуассиси Google Ларри Пейҷ ишғол кард, ки сармояаш 257 миллиард доллар мебошад.

Дар зинаи сеюм ҳамшарики ӯ дар таъсиси Google — Сергей Брин қарор дорад. Дороиҳои ӯ 237 миллиард доллар арзёбӣ мешаванд.

Муассиси Amazon Ҷефф Безос бо 224 миллиард доллар дар ҷойи чорум қарор гирифт. Бори аввал аз соли 2016 инҷониб ӯ ба сегонаи пешсафон ворид нашуд.

Ҷойи панҷумро роҳбари Meta Марк Зукерберг бо 222 миллиард доллар ишғол намуд. Соли гузашта ӯ дар раддабандӣ ҷойи дуюмро аз худ карда буд.

Муассиси империяи маҳсулоти боҳашамати LVMH Бернар Арно ва оилаи ӯ, ки солҳои 2023 ва 2024 сархати рӯйхатро ба даст оварда буданд, ҳоло дар ҷойи ҳафтум қарор доранд. Дороии онҳо то 171 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

📊 Forbes қайд мекунад, ки имсол ба рӯйхати миллиардерҳо шумораи рекордии соҳибкорон — 3428 нафар ворид шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 400 нафар бештар мебошад.

📈 Дороиҳои умумии ҳамаи миллиардерҳо 4 триллион доллар зиёд шуда, ба 20,1 триллион доллар расидааст.