Маъмурияти Хона-музейи Ориф Гулханӣ бо фарорасии ҷашни Наврӯз дар доираи аксияи «Самарқандро гулзор мекунем! 1+10» ва ҳаракати гулдӯстони «Гули ҳар як хонанда бошад!» боз як «чорабинии сабз» баргузор кард. Дар он эҷодкорони вилоят, хонандагони мактабҳои рақами 43 ва 2-юми ноҳияи Самарқанд, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд.
Дар он раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, роҳбари Хона-музейи Ориф Гулханӣ Муқимҷон Орифӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон дар бораи ташаббуси «сабз»-и хонадони Орифиҳо ва аҳамияти ташкили чорабиниҳои адабӣ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо ҳарф зада, ба ҳамаи ҳамдиёрон фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро муборакбод гуфтанд.
— Солҳост, ки дар ин хонадон маҳфилҳои адабӣ баргузор мегардад. Тавассути ин гуна барномаҳои назму наво пули дӯстии халқҳо боз ҳам мустаҳкамтар мешавад. Мо ин анъанаи некро идома медиҳем ва аз он тамоми ҷумҳуриамон хабар дорад. Дар ин гулзор, ки ҳатто дар берун аз кишварамон ҳам маъруфу машҳур аст, мушоираи баҳориро оғоз менамоем ва ба ҳамаи шумо омадомади Наврӯзи хуҷастапайро фархунда бод, мегӯем, — гуфт Т.Тугалов.
Инчунин, таъкид гардид, ки аз ҷониби Хона-музейи Гулханӣ имрӯз ба ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва сокинон, бо мақсади гул-гулшукуфонидани Самарқанд намудҳои гуногуни растаниҳо ба тариқи туҳфа супорида мешавад. Дар чорабинии мазкур низ наздик ба 45 ҳазор хел гулҳои хонагӣ, ниҳолҳои боғ, кӯчатҳои дарахтон ва тухмиҳо ба муассисаҳои таълими халқии ноҳияи Самарқанд ба таври ройгон тақдим гардид.
Дар идомаи чорабинӣ шоирон аз шеърҳои тозаву тари бахшида ба фасли баҳор, Наврӯз ва ватандӯстии худ қироат карданд. Хонандагони мактабҳо низ аз эҷодиёти бузургон намунаҳоро пешкаши иштирокчиён намуданд. Дар поён ҳар як нафар аз Хона-музейи Гулханӣ бо гулҳои худ баромаданд.
