Ovozi.uz

Маҷмааи Имом Бухорӣ кушода шуд

Рӯзи 19‑уми март Президент Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи Имом Бухории ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд, ки аз нав бунёд гардид, боздид кард.

Дар маркази зиёратгоҳ мақбараи табарруки муҳаддиси бузурги мо ҷойгир аст.

Роҳбари давлатамон мақбараро зиёрат кард. Қуръон тиловат гардида, дуоҳо хонда шуданд.

— Дар арафаи Иди мубораки Рамазон, мо бори дигар ба рӯҳи ҳамватани бузурги худ, султони илми ҳадис, Имом Бухорӣ эҳтиром мегузорем. Бобои мо Бухорӣ шахсияти бузургест, ки китоби ҳадисро, ки манбаи мӯътабартарин пас аз Қуръони Карим аст, офаридааст ва дар тамоми ҷаҳони ислом шуҳрат пайдо кардааст. Боиси ифтихор аст, ки замини муқаддаси мо ба ҷаҳон чунин олими машҳурро ато кардааст.

Имрӯз ба шарофати заҳмати фидокоронаи халқи диёрамон, орзуҳои мо амалӣ шуданд. Мо тавонистем ин зиёратгоҳи беназирро сазовори мақоми ҷаҳонӣ ва дараҷаи баланди бобоямон Имом Бухорӣ бунёд кунем. Чунин макони табаррук барои ҳамаи мо муборак бошад, — гуфт Роҳбари давлатамон.

Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои анҷомёфтаи сохтмон ва шароитҳои фароҳам овардашуда дар маҷмааи Имом Бухорӣ шинос шуд.

Бо ташаббуси роҳбари давлат ин маҷмуа муносиб ба мақому мартабаи баланд ва нуфузи бузурги ин муҳаддиси маъруф дар олами ислом аз нав бунёд гардид.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки соли 2019 оғоз ёфтанд, дар ин ҷо мақбараи бошукӯҳ, масҷид барои 10 ҳазор нафар, бинои маъмурият, осорхона, айвонҳои даромаду баромад сохта шуданд. Манораҳои 75‑метра, ки дар чор гӯшаи зиёратгоҳ ҷойгиранд, ба он ҳашамату ҷалоли махсус мебахшанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, пештар зиёратгоҳ дар як рӯз ҳамагӣ то 12 ҳазор нафарро қабул карда метавонист. Ҳоло бошад, имконият фароҳам шудааст, ки ҳар рӯз то 65 ҳазор меҳмон бо хизматрасонии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул карда шавад. Қаблан қабри мубораки Ҳазрати Имом Бухорӣ дар як ҳуҷраи хурди зери мақбара ҷойгир буд ва ҳамагӣ панҷ-шаш нафар метавонистанд ба он ҷо дароянд. Ин ҳолат ҳангоми ташрифи ҳайати вакилони бонуфуз нороҳатиҳо ба вуҷуд меовард. Ҳоло бошад, дар гирди қабр садҳо нафар метавонанд тиловат кунанд. Дар масҷиди бузурги маҷмуа низ ҳамзамон 10 ҳазор нафар намоз хонда метавонанд. Ин махсусан дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон барои сокинон ва зиёраткунандагони хориҷӣ имконияти бузург фароҳам меорад.

Имрӯз агар ба таърихи сохтмони ёдгориҳои қадимии Самарқанд назар андозем, мебинем, ки онҳо дар давоми солҳои зиёд бунёд шудаанд. Аз ин рӯ, маҷмуаи Имом Бухорӣ, ки тақрибан дар давоми 8 сол пурра аз нав бунёд гардид, низ метавонад ба қатори чунин ёдгориҳои бузург дохил шавад ва ҳамчун рамзи нерӯи бунёдкории халқамон барои асрҳои оянда хизмат кунад.

Дар давоми корҳои сохтмонӣ дар атрофи маҷмаа зиёда аз 20 меҳмонхонаи муосири се ва чорситорадор, қариб 10 тарабхона ва ошхона, ки таомҳои миллӣ ва хориҷӣ мепазанд, 4 истгоҳи бузурги мошинҳо барои зиёда аз 1800 воситаи нақлиёт, тақрибан 40 нуқтаи барқпуркунии электромобилҳо ва тақрибан 100 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ташкил карда шуданд. Ҳамчунин инфрасохтори маҳаллаи Хоҷа Исмоил пурра навсозӣ гардида, манзилҳои истиқоматӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ аз нав сохта ё таъмир шуданд ва ҳудуд ба як шаҳраки зебо табдил ёфт.

Солҳои охир бо сохтмони маҷмуа ва иншооти атроф симои маҳаллаҳои ҳудуд куллан тағйир ёфт. Дар панҷ деҳаи ҳудуд тамоми шабакаҳои коммуникатсионӣ навсозӣ шуданд. Роҳҳо ва пулҳои нав сохта шуда, ба 48 километр роҳ асфалт хобонда шуд. Зиёда аз 1200 хонадон таъмиру таҷдид гардид. Ҳамаи хонаҳо ба оби нӯшокии марказӣ ва шабакаи канализатсия пайваст шуданд, гази табиӣ ва интернет ворид гардид. Ҳатто симҳои барқ низ аз зери замин гузаронда шуданд. Умуман, ҳамааш мувофиқ ба талаби замон, шароити бештар аз шаҳр муҳайё гардид. То ҳол дар маҳалла зиёда аз 150 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд ва интизор меравад, ки шумораи онҳо боз ҳам зиёд мешаванд. Танҳо дар соҳаи меҳмонхонаҳо 22 сокини маҳалла дар ҷои зисти худ хонаи меҳмон ташкил кардаанд. Ба зудӣ дирексияи хизматрасонии маҷмаа фаъолияти худро оғоз мекунад, ки дар он зиёда аз 100 нафар кор мекунанд. Бо ба кор даромадани меҳмонхонаҳо бошад, 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Ҳоло дар маҳалла 18 бинои бисёрошёна, инчунин нуқтаҳои зиёди савдо ва хизматрасонӣ бунёд мешаванд. Чанде пеш байни шаҳри Самарқанд ва маҷмааи Имом Бухорӣ хатсайри электробус роҳандозӣ гардид. Ин на танҳо барои зиёраткунандагон, балки барои сокиноне, ки дар Самарқанд кор ё таҳсил мекунанд, низ хеле қулай аст.

Ин макони муқаддас, ки дар арафаи иди Рамазон ба истифода супурда шуд, тавре Роҳбари давлатамон таъкид кардааст, на танҳо макони зиёрат, балки маркази илм, маърифат, тарбия ва ибрат хоҳад шуд. Мероси илмӣ ва ҷустуҷӯҳои бузурги Имом Бухорӣ барои зиёраткунандагон, махсусан ҷавонон, намунаи ибрат мегардад. Муҳимтар аз ҳама, ин маҷмаа мероси ғании маънавӣ ва нерӯи бунёдкории халқамонро ба таври равшан нишон медиҳад.