Ovozi.uz

Шарифа Давронова дар чемпионати ҷаҳон ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд

Дар шаҳри Куявия-Поморзеи Лаҳистон (Полша) чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба варзиши атлетикаи сабук, ки дар иншооти пӯшида баргузор мегардад, 674 нафар варзишгар аз 118 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар байни онҳо варзишгарони Ӯзбекистон низ маҳорати худро месанҷанд.

Дирӯз, дар рӯзи дуюми чемпионат, узви тими миллии Ӯзбекистон Шарифа Давронова дар бахши ҷаҳиш бо се маротиба давр задан қувваозмоӣ намуд.

Давроноваи 19-сола, ки тарбиятгирандаи мактаби варзиши атлетикаи сабуки Самарқанд мебошад, дар рақобатҳои шадид натиҷаи 13,81 метрро қайд намуда, натиҷаи худро нисбат ба чемпионати соли гузашта 37 сантиметр беҳтар кард.

Ин нишондиҳанда ба ӯ имкон дод, ки миёни 17 варзишгари ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта ҷойи 10-умро ишғол намояд. Дар ин равия Леанис Перес Эрнандес, узви тими миллии Куба, бо натиҷаи 14,95 метр ғолиб гардид.

Дар ҳисоби умумии медалҳо тими Италия бо 3 медали тилло пешсаф аст. Дар ҷойи дуюм ИМА қарор дошта, дорои 2 медали тилло, 5 нуқра ва 3-то биринҷӣ мебошад.