Ovozi.uz

На ибрат, на адолат ва на фоида дорад…

Виктор Гюго (1802–1885) ба дӯстдорони адабиёти ҷаҳон хеле хуб шинос аст. Аммо ман ӯро «Инсонпарвартарин адиби ҷаҳон» меномам. Вай дар синни шонздаҳсолагӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри худ ба дор кашида шудани занеро дида, аз ҳамон вақт то охири умраш барои бекор кардани ҷазои қатл дар ҷаҳон мубориза бурдааст.

«Ман овози худро барои пурра, бидуни шарт ва қатъиян бекор кардани ҷазои қатл медиҳам», — гуфтааст ӯ соли 1848 дар Маҷлиси таъсисии Франсия. Вай барои расидан ба мақсади худ депутат шуда буд.

Гюго адибе буд, ки масъулияти нависанда ва эҷодкорро хуб дарк мекард. Ӯ чунин мешуморид: «Агар дар зери сухан ғояе набошад, он — ҳеҷ аст!». Ҳамчунин бовар дошт, ки: «Нависандагони асри ҳаждаҳ тавонистанд шиканҷаро барҳам диҳанд ва ман бовар дорам, ки нависандагони асри нуздаҳ ҷазои қатлро аз байн мебаранд». Дар асл, ин оғози кори бузурге буд. Ӯ марги даҳҳо, шояд садҳо одамонро пешгирӣ кард. Баъзан, баъди иҷрои ҷазои қатл одамон бегуноҳ эътироф мешуданд. Аммо оё инсоне, ки “гуноҳкор” шумурда ва ба дор кашида шудааст, дубора зинда шуда метавонад? Нависанда мегуфт: «Ҷазои қатл на ибрат мешавад, на одилона аст ва на фоида дорад!»

Солҳо пас аз ташаббуси ӯ, бисёр кишварҳо ҷазои қатлро бекор карданд, аммо то ҳол баъзе давлатҳо онро истифода мебаранд. Дар Ӯзбекистон ҷазои қатл аз 1-уми январи соли 2008 бекор шудааст. Ба онҳое, ки ҳанӯз ҷазои қатлро истифода мебаранд, нависанда чунин муроҷиат мекунад: «Бо кадом ҳуқуқ шумо Худоро пеш аз муҳлат судя таъин мекунед? Бо кадом асос иродаи Ӯро идора карданӣ мешавед? Магар суди Ӯ яке аз зинаҳои суди шумост? Оё шумо воқеан суди худро баробари суди илоҳӣ мешуморед?»

Китобе, ки ман аз Гюго хондам, иборат аз қиссаи «Клод Гё» ва драмаи «Ишрати шоҳона» буд.

Дар ниҳояти қисса сари қаҳрамон — Клод Гё дар зери гилотина аз тан ҷудо карда мешавад. Номи Гё (Gueux) дар забони фаронсавӣ маънои фақир, бараҳнапоро дорад ва ӯ воқеан дар чунин ҳолат буд. Дар асар гуфта мешавад: «Хуб, аммо чаро ӯ дуздӣ кард? Чаро одам кушт? Ба ин ду савол мушовирони суд ҳеҷ гоҳ ҷавоб надоданд.»
Масъала дар он аст, ки ин воқеияти зиндагии халқи оддии Франсия дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX буд. Ба аҳволи онҳо касе таваҷҷуҳ намекард. Мардум барои дуздидани як пора нон ба зиндон меафтоданд ва дар он ҷо бо нон таъмин мешуданд. Ин мавзӯи асосии қисса аст. Нависанда нишон медиҳад, ки сабаби чунин ҳолати фоҷиавии одамон гуруснагӣ мебошад ва таъкид мекунад, ки қонунҳо (аз ҷумла моддаи 296, ки ҳукми қатлро пешбинӣ мекард) бояд аз нав баррасӣ шаванд. Ӯ мехост намояндагони ҳукуматро аз азоби мардум огоҳ кунад. Дар охири қисса Гюго менависад: «Ин одам кушторро анҷом дод, аммо агар ӯ роҳнамоии дуруст медошт, метавонист узви фоиданоки ҷамъият бошад.»

Маҳз ҳамин қисса барои навиштани асарҳои машҳури ӯ — «Рӯзи охирини маҳкумшуда ба марг» ва «Бенавоён» замина фароҳам овардааст.

Асари дуюм драмаи «Ишрати шоҳона» дар бораи подшоҳ Франсиск I ва масхарабози дарбор Трибуле нақл мекунад. Гарчанде Трибуле айшу ишрати дарбор, фасод ва риёкориро дӯст намедорад, маҷбур аст дар миёни ҳамин одамон зиндагӣ кунад. Ӯ ҷур­ъат дорад, ки кирдорҳои зишти амалдоронро рӯирост ба худи онҳо бигӯяд. Аммо дар ниҳоят аз тарафи ҳамон одамоне, ки Трибуле нафрат дошт, худи ӯ ба тарзи ваҳшиёна азоб дода мешавад.

Асар соли 1832 навишта шуда, зуд ба саҳна гузошта шудааст. Пас аз намоиш, мансабдорони давлатӣ ба нависанда мегӯянд, ки баъзе қисмҳоро «нарм­тар» кунад. Аммо Виктор Гюго аз ин кор саркашӣ мекунад ва ба саҳна гузоштани асар муддати дароз манъ карда мешавад. Аммо маълум аст, ки Гюго хуб медонист, чӣ гуфтан мехоҳад ва кӯшиш мекард ҷомеаро ҳамон гуна, ки ҳаст, нишон диҳад.

«Ишрати шоҳона» хеле олӣ навишта шудааст. Хондани асари саҳнавӣ ба инсон эҳсоси хос мебахшад. Тамошои он дар театр бошад, эҳтимол боз ҳам таъсирбахштар аст.

Шаҳзод КЕНҶАЗОДА