Ovozi.uz

Анҷумани матбуотӣ

Дар Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он ислоҳоти низом ва корҳои анҷомдодашуда баррасӣ шуданд. Дар он масъулон, журналистон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Дар вилояти Самарқанд ба рушди низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ, фарогирии кӯдакон бо таҳсили босифат, инчунин ба шакл ва мӯҳтавои муассисаҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳамзамон барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ корҳои васеъ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар 82 муассисаи таълими умумӣ ва 26 муассисаи таълими томактабӣ корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ ба роҳ монда мешаванд. Илова бар ин, навсозии низоми гармидиҳӣ ва таъмин намудани синфхонаҳо бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ дар назар аст. Барои ин 463 миллиард сӯм маблағ ҷудо мегардад.

Айни ҳол дар вилоят тақрибан 20-30 нафар омӯзгорони хориҷӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон омӯзгорони маҳаллӣ барои баланд бардоштани малака ба хориҷ фиристода мешаванд. Шумораи омӯзгороне, ки маоши 10-15 миллион сӯм мегиранд, қариб ба 500 нафар расидааст. Ғайр аз ин, шумораи хонандагоне, ки соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ шудаанд, нисбат ба соли гузашта 2 000 нафар зиёд шуда, ба 6 500 нафар расид. Ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳи зиёди давлат ба соҳаи таълим мебошад, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Садорат Рустам Юлдашев. Ҳамчунин зикр гардид, ки имсол дар ноҳияи Оқдарё қабули омӯзгорон ба мактабҳо ба сатҳи нав бардошта мешавад. Яъне, ин ҷараён тавассути супоридани аризаи онлайн ва гузаштан аз санҷишҳои тестӣ амалӣ мегардад.

Ин тадбирҳо дар соҳаи таълими вилоят барои фароҳам овардани шароити боз ҳам қулай, замонавӣ ва босифати таълим барои насли наврас хизмат мекунанд.