Ovozi.uz

Собиқ рэпер Балендра Шаҳ сарвазири Непал шуд

Собиқ шаҳрдори Катманду ва рэпери пешин Балендра Шаҳ сарвазири нави Непал таъин гардид, хабар медиҳад Reuters.

Шаҳ 35-сола аст. Дар чанд даҳсолаи охир бори аввал ҷавонтарин мансабдор ва намояндаи халқи мадхесӣ ба мақоми роҳбари ҳукумат расид.

Маросими савгандёдкунии сарвазири нав дар қасри президент бо иштироки дипломатҳо ва мансабдорони баландпоя баргузор шуд. Балендра Шаҳ ҳайати нави Ҳукумати кишварро ташкил кард, ки таркиби он14 нафар иборат аст.

Интихоботе, ки дар он ҳизби Шаҳ пирӯз гардид, аввалин интихобот пас аз эътирозҳои оммавии моҳи сентябри соли гузашта ба шумор меравад, ки боиси ҳалокати 76 нафар гардида буданд.