Дар мактаби таълими умумии рақами 20-и шаҳри Самарқанд бахшида ба 2-юми апрел — Рӯзи байналмилалии китоби бачагона вохӯрии адабӣ ва суҳбати миззи мудаввар баргузор гардид.
Дар он шоир ва нависанда, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Фазлиддин Ғайбуллоев ва омӯзгорону донишомӯзони мактаб ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ роҷеъ ба аҳамияти китобу китобхонӣ, ислоҳоти кишвар бобати ҷалби ҷавонон ба мутолиа, муваффақият ва муаммоҳои адабиёти бачагона дар Ӯзбекистон фикрҳо баён гардиданд.
— Имрӯзҳо мутолиа китоб беш аз пештара аҳамият дорад, — гуфт директори мактаб Матназар Ғоибов. — Зеро, мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки барои аз роҳи рост берун кардани ҷавонони мо ҳар гуна ғояҳои бегона ба осони вориди ҳаёти мо мешаванд. Сабаби ин, албатта, истифодаи васеъи ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Фазои маҷозӣ бошад, ба бадтарин макони тарғиби ғояҳои фасодкоронаву вайронкор табдил ёфтааст. Беҳтарин роҳи ҳимояи насли наврас аз ин ғояҳо, мутолиаи пайвастаи китоб асту бас.
— Китобхонӣ ҳам бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад, — гуфт Б.Раҳмонов. — Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ба мақсадҳои асосии худ, фаротар аз ҳама, рушди беш аз пеши кишвари ҷоноҷонамон ноил гардем. Мутолиаи китоб стресро пешгирӣ ва ҷаҳонбиниро васеъ мекунад. Ҷавононе, ки имрӯз китоб мехонанд, бе шак, ҷавононеро, ки вақти худро бо телефонбозиҳои беҳуда сарф мекунанд, сарварӣ хоҳанд кард. Дар идома донишомӯзони синфҳои болоии мактаб дар бораи китобҳои дӯстдоштаи худ ҳарф зада, шеърҳо қироат намуданд. Аз ҷониби меҳмонон ба ҳамаи онҳо ва ба китобхонаи мактаб зиёда аз 50 адад китобҳои бачагона тӯҳфа карда шуд.
— Аз китобҳои хондаам ба чунин хулоса омадам, ки китобхонӣ одамро ба сӯи рӯшноӣ мебарад ва барои ӯ имкониятҳои зиёдро фароҳам меорад, — гуфт донишомӯзи синфи 11 Сабрина Каримова. — Ба фикри ман, инсон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил нашавад ҳам, набояд китобхониро раҳо кунад. Мо аз ташрифи имрӯзаи меҳмонон хеле шод шудем ва аз суҳбати онҳо баҳра бардошта, барои худ хулосаҳо баровардем. Китобҳое, ки ба мо тақдим гардиданд, муҳаббати моро нисбат ба мутолиа зиёдтар хоҳанд кард.
Дар охир меҳмонон аз толори шоҳмот, китобхона, синфхонаҳои мусиқӣ ва меҳнати мактаб дидан карданд.
Ҳ.СОДИҚОВ
