Ovozi.uz

«Ҳафтаи рушди имконият» ба бонувон чӣ медиҳад?

Аз 30-юми март то 5-уми апрели соли равон дар муассисаи таълимии «School 21» барномаи “Women Empowerment Week 2026: AI for Social Impact” («Ҳафтаи рушди имконияти бонувон 2026: зеҳни сунъӣ барои таъсири иҷтимоӣ») баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории барнома таъмини қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди фарогирӣ ва сифати хидматҳои рақамӣ, инчунин трансформатсия кардани соҳа, шабака ва минтақаҳо» (ҚП-аз 24-уми майи соли 2023, №162), «Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯи дастгирии фаъолияти омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи рақамӣ кардан» (ҚП-з 1-уми феврали соли 2024, №51) ва «Дар бораи чораҳои роҳандозӣ намудани экосистемаи комплексии дастгирии стартапҳо» мебошад.

Ҳафтаина барои духтароне, ки мехоҳанд дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ аз технологияҳо истифода намоянд, пешбинӣ шуда, зимни он мутахассисони пешсафи соҳаи технологияҳои ахборӣ ба иштирокдорон дарс мегӯянд. Маросими ифтитоҳи ҳафтаина бо суханрониҳои мушовири вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷалби ҷавонон ва бонувон ба соҳаи IT Камола Собирова оғоз гардид. К.Собирова ба ҳозирин мақсад ва марҳилаҳои барномаро фаҳмонда, ба иштирокдорон муваффақият таманно намуд.

— Барнома дар давоми 7 рӯз марҳила ба марҳила ташкил мегардад, — гуфт ӯ. — Рӯзи якум ба мавзӯъҳои лидерии бонувон, барқарории ботинӣ, тақсими нақшҳо дар ҷамоаҳо ва муайян кардани муаммоҳои иҷтимоӣ бахшида шаванд, рӯзҳои дуюму сеюм дар мавзӯъҳои ташаккули лоиҳаҳо оид ба арзишҳои миллӣ ва истифодаи амалии зеҳни сунъӣ сипарӣ хоҳанд шуд. Сипас, сессияҳои таълимӣ, машғулотҳои амалӣ, вохӯриҳо ва тақдимоти лоиҳаҳо гузаронида шуданд.

— Аз минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон қариб 60 духтар дар як ҷо ҷамъ омаданд ва ин тасодуфӣ нест: онҳо барои рушди малакаҳои роҳбарии иҷтимоӣ, азхуд кардани AI (зеҳни сунъӣ) ва тафаккури лоиҳавӣ, инчунин офаридани роҳҳои ҳалли воқеии дорои таъсири иҷтимоии равшан ва намоён омадаанд, — гуфт директори «School 21» Бобомурод Тошбоев. — Имсол мо зиёда аз 500 ариза қабул кардем ва маҳз иштирокдорони имрӯза аз интихобот бомуваффақият гузаштанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳое, ки омодаанд масъулиятро ба дӯш гиранд, рушд диҳанд ва тағйирот эҷод кунанд, дар як ҷо ҷамъ омадаанд.

Дар охири барнома 15 лоиҳаи инноватсионӣ таҳия гардида, 5-тои онҳо ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбад. Се ҷамоаи беҳтарин бошад, дар асоси грант ва ёрии барномаи Launch lab 21 метавонанд лоиҳаҳои худро татбиқ намоянд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ