Қулфинай (клубника) – яке аз меваҳои машҳур ва болаззат аст. Қулфинай ягона меваест, ки тухмаш дар беруни он ҷойгир аст (ҳар як дона тақрибан 200 дона тухм дорад). Аз нигоҳи ботаника, қулфинай меваи ҳақиқӣ нест – тухмҳои хурди рӯяш (ахенҳо) мева ҳисоб мешаванд.
Қулфинай ба оилаи растаниҳои гулдор дохил мешавад ва ба гули садбарг (роза) наздик аст.
Фоидаҳо барои саломатӣ: ➖ Бисёр витамини С дорад – ҳатто бештар аз баъзе меваҳои ситрусӣ. ➖ Манбаи хуби антиоксидандҳо мебошад, ки ба ҳифзи бадан аз бемориҳо кӯмак мекунад. ➖ Барои дил муфид аст ва метавонад фишори хунро паст кунад.
Қулфинайро дар шириниҳо (торт, яхмос, мураббо) васеъ истифода мебаранд.
Метавон онро тару тоза, бо қаймоқ ё дар шарбатҳо истеъмол кард.
