Ovozi.uz

Дар Самарқанд «Рӯзҳои фарҳанги Малайзия» баргузор мешаванд

Имрӯзҳо ҳайати вилояти Самарқанд таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Адиз Бобоев зимни сафари корӣ дар Малайзия қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят, намояндагони мо дар Куала-Лумпур бо мақомоти давлатӣ ва роҳбарони минтақа як қатор вохӯриҳои муҳим баргузор кардаанд.

Аз ҷумла, дар суҳбат бо вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Дато Сри Тионг Кинг Синг ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба сатҳи нав баранд.

Дар бораи маҷмааи Имом Бухорӣ, ки ба наздикӣ дар Самарқанд аз нав сохта шудааст ва имкониятҳои васеъе, ки барои зоирон дар он ҷо фароҳам оварда шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои афзоиши ҷараёни сайёҳон ва рушди сайёҳии зиёрат баррасӣ шуд. Пешниҳодҳои мушаххас барои ҷалби сармоягузорӣ ба сайёҳӣ, рушди инфрасохтори муосир, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва баланд бардоштани робитаҳои фарҳангӣ ба сатҳи нав пешниҳод гардиданд.

Дар вохӯрӣ созиш карда шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Самарқанд «Рӯзҳои фарҳангии Малайзия» ва моҳи сентябр дар Куала-Лумпур «Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон» баргузор шаванд.