Доналд Трамп гуфт, ки ИМА ба оташбаси дуҳафтаина бо Эрон бар асоси нақшаи пешниҳодкардаи Покистон розӣ шудааст.
Дар ин бора вебсайти «Янги Ӯзбекистон» бо такя ба axios.com хабар дод.
Тибқи гузориш, вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ низ ин созишномаро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки дар ин давра ҳаракати бехатар тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз таъмин карда мешавад. Ӯ қайд кард, ки ин ҷараён дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон анҷом дода мешавад.
Гузориш дода шуд, ки тибқи ин созишнома, ҳамлаҳои эҳтимолии низомии ИМА боздошта мешаванд, дар ҳоле ки Эрон уҳдадор мешавад гулӯгоҳи муҳими стратегӣ — Ҳурмузро боз нигоҳ дорад. Дар ин давраи дуҳафтаина, ҷонибҳо бояд дар бораи созишномаи ҳамаҷонибаи сулҳ баррасӣ кунанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, интизор меравад, ки музокираҳо байни ИМА ва Эрон рӯзи ҷумъа дар Исломобод баргузор шавад. Эҳтимол аст, ки ҳайати ИМА-ро ноиби президент Ҷ.Д. Вэнс роҳбарӣ кунад.
Шоҳбоз Шариф гуфт, ки ин созишнома метавонад ба вазъияти Ливан низ татбиқ шавад. Аммо, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу инро рад кард ва гуфт, ки ӯ танҳо ба созишномаи марбут ба Эрон риоя хоҳад кард.
Тибқи маълумоти ахир, ин хабар ба бозорҳои молиявӣ низ таъсири мусбат расонд: саҳмияҳо боло рафтанд ва нархи нафт коҳиш ёфт.
Ҷонибҳо мегӯянд, ки ин танаффуси дуҳафтаина имкони кор кардан дар бораи созишномаи дарозмуддати сулҳро фароҳам меорад.
