Ovozi.uz

Хотираи саркардаи бузург гиромӣ дошта шуд

Дар мақбараи Амир Темур ба муносибати 690-солагии зодрӯзи ин саркардаи бузург Қуръон тиловат карда ва хотираи ӯ гиромӣ дошта шуд. Дар маросим масъулони ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳр, намояндагони ҷомеа, ҳарбиён ва нурониён иштирок карданд.

Пас аз ин, иштирокдорон дар пояи муҷассамаи Соҳибқирон гулчанбар гузошта, ба ӯ эҳтиром нишон доданд. Дар чорабиниҳо мероси ғании таърихии Амир Темур, нақши ӯ дар идораи давлатӣ ва саҳми ӯ дар рушди илм ва фарҳанг алоҳида эътироф карда шуд.

Зикр гардид, ки шахсияти Соҳибқирон дар дарки ҳувияти миллӣ, барқарор кардани хотираи таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

Ба муносибати ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои маънавӣ ва таълимӣ, мизҳои мудаввар ва анҷуманҳо идома доранд.