Ovozi.uz

Муносибатҳои дӯстона ва иттифоқӣ баррасӣ шуданд

Дар доираи сафари ҳайати парламентии Қазоқистон ба Самарқанд мулоқоти Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ дар форматҳои бисёрҷониба фаъол мегардад, аз ҷумла форуми “Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо”, ки дар Самарқанд баргузор шуд, намунаи равшани ин ҷараён мебошад.

Ҳамчунин дар мулоқот ташаббусҳо оид ба муколамаи занони пешсафи Осиёи Марказӣ, чорабиниҳое, ки дар Бухоро баргузор мегарданд, инчунин Форуми ҷаҳонии аъзои ҷавони парламент, ки дар Самарқанд ба нақша гирифта шудааст, муҳокима шуданд.

Дар охир ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иттифоқии ду кишвар, густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак омодагии худро изҳор карданд.