Роҳбари вилоят Адиз Бобоев бо ҳаммуассиси ҶММ «BITUM» аз Ҷумҳурии Бошқирдистон Дмитрий Донсов мулоқот баргузор намуд.
Тарафҳо имкониятҳои ба роҳ мондани истеҳсоли битум дар минтақа муҳокима карданд. Аз ҷумла, ба масъалаи истеҳсоли битумҳои нафтӣ ва маводҳои муосири пайвасткунанда барои сохтмони роҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дмитрий Донсов пешниҳод кард, ки кор дар заминаи истеҳсолии аллакай омодабуда оғоз карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин метавонад муҳлати ба кор даровардани корхонаро ба таври назаррас кӯтоҳ намояд ва дар оянда барои густариши истеҳсолот аҳамияти муҳим дошта бошад.
Ҳамчун шарики технологии лоиҳа, корхонаи ҶММ «BITUM» иштирок мекунад. Ин корхона яке аз пешсафони Русия буда, гардиши солонаи он аз 13,7 миллиард рубл зиёд аст.
Ҳокими вилоят ташаббусро дастгирӣ намуда, зарурати мавҷуд будани маводҳои босифати роҳсозиро таъкид кард. Ҳамзамон, баробари ба роҳ мондани истеҳсолот, ҷонибҳо оид ба табодули таҷриба низ ба мувофиқа расиданд. Коршиносони рус мутахассисони маҳаллиро ба кор бо системаи инноватсионии «Superpave» меомӯзонанд, ки он имкони омода кардани омехтаҳои баландсифати асфалт-бетониро медиҳад.
Амалӣ шудани ин лоиҳа ба таҳкими иқтидори саноатии вилояти Самарқанд ва таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маводҳои зарурӣ мусоидат хоҳад кард.
