Дар ноҳияи Иштихон лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи ҳалқавии «Афросиёб», ки маркази ноҳияро бо шаҳраки Митан мепайвандад ва инчунин ба роҳи байналмилалии автомобилии М-37 пайваст мешавад, бо дарозии 4 километр бунёд гардид. Инчунин, як пули замонавӣ бо дарозии 73 метр ва бараш 15 метр низ сохта шуда, ба истифода супурда шуд.
Дар маросими тантанавии кушодашавӣ ҳокими вилоят Aдиз Бобоев, ҷонишини якуми Прокурори генералии ҷумҳурӣ Баҳриддин Валиев, намояндагони ҷомеаи ноҳия ва нурониён иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин лоиҳа бо маблағи 40 миллиард сӯм буда, имкон медиҳад, ки серодамии роҳҳо дар маркази ноҳияи Иштихон то 40 фоиз коҳиш ёбад. Инчунин, барои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ, танзим ва тезонидани ҳаракати борҳои транзитӣ муҳити қулай ва бехатар фароҳам оварда мешавад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ роҳравҳои махсус барои дучархасаворон ва пиёдагардон бо дарозии 3,5 км ва бараш 2 метр, 155 чароғи равшании шабона, ки бо панелҳои офтобӣ фаъолият мекунанд, инчунин 2 истгоҳи муосири автобус бунёд карда шуданд.
