Барги ток (барги ангур) на танҳо дар таомҳо истифода бурда мешавад, балки барои саломатӣ ҳам фоида дорад.
* Аз витаминҳо бой. Баргҳои ангур дорои витаминҳои А, С, К ва гурӯҳи В мебошанд – барои масуният, пӯсти ва хун хубанд.
* Қувватбахши рагҳо ва дил. Ба туфайли антиоксидантҳо гардиши хунро беҳтар мекунад ва хавфи бемориҳои дилро кам мекунад.
* Кӯмак ба ҳазм. Нах (клетчатка) дорад, ки кори рӯдаро беҳтар мекунад.
* Кам кардани илтиҳоб. Моддаҳои зиддиилтиҳобӣ доранд – барои буғумҳо ва организм муфид аст.
* Барои диабети қанд. Метавонад сатҳи қандро танзим кунад (хусусан дар парҳез)
Зарар ва эҳтиёт: ➖ Аз ҳад зиёд хӯрдан метавонад боиси мушкилоти меъда шавад; ➖ Барои одамони гирифтори гастрит ё захми меъда бояд эҳтиёт шаванд; ➖ Агар баргҳо намакдор бошанд, барои фишори баланд ва гурдаҳо хуб нест; ➖ Дар баъзе одамон метавонад аксуламали аллергӣ диҳад.
Барги ток маҳсулоти табиӣ ва фоиданок аст, агар ба миқдори мӯътадил истифода шавад. Беҳтараш баргҳои тару тоза ё камнамак истеъмол кунед.
