Дар соҳаи саноатии Ӯзбекистон лоиҳаи бузург татбиқ мегардад. Бо қарори Президенти мамлакатамон аз 20-уми апрели соли равон дар ноҳияи Каттақӯрғон минтақаи бузурги саноатии мошинсозӣ таъсис дода мешавад. Дар назар аст, ки ин лоиҳа на танҳо иқтисоди вилояти Самарқанд, балки симои саноати автомобилсозии кишварро ба куллӣ тағйир медиҳад.
Самарқанд — интихоби стратегӣ барои рушди саноат. Солҳои охир дар иқтисоди Ӯзбекистон гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои технологияи баланд ба яке аз вазифаҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Вилоятамон аз сабаби мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои логистикӣ ва захираҳои меҳнатӣ ҳамчун минтақаи мувофиқтарин барои чунин кластери калон интихоб карда шуд. Мувофиқи қарор, то соли 2030 саҳми соҳа мошинсозӣ дар саноати вилоят бояд ба 15 фоиз ва ҳаҷми арзиши иловашуда ба 40 фоиз расонида шавад.
Ин рақамҳо на танҳо статистика, балки даромади ҳазорҳо оила ва таҳкими мустақилияти технологии кишвар низ мебошанд.
Минтақаи саноатии нав — заминаи рушд. Барои минтақаи нави саноатӣ дар маҳаллаи «Янгиҳаёт»-и ноҳияи Каттақӯрғон 100 гектар замин ҷудо гардидааст. Заминҳое, ки қаблан ҳамчун чарогоҳ истифода мешуданд, акнун ба корхонаҳои замонавӣ, коргоҳҳои баландтехнологӣ ва марказҳои логистикӣ табдил дода мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи минтақаи саноатӣ дар он аст, ки дар он ҷо танҳо категорияҳои муайяни воситаҳои нақлиёт истеҳсол карда мешаванд: категорияи N — мошинҳои боркаш; категорияҳои M2 ва M3 — автобусҳо ва микроавтобусҳо; категорияи L — воситаҳои нақлиёти автомобилӣ; категорияи O — присепҳо ва нимприсепҳо.
Нишондодҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои нав. Доираи лоиҳа ҳайратовар аст. Аллакай дар марҳилаи аввал бо шарикони хориҷӣ 5 лоиҳаи сармоягузории бузург ба маблағи 116 миллион доллари ИМА тасдиқ шудааст. Мувофиқи он танҳо дар соли 2028 — 50 ҳазор адад мототранспорт ва аробачаҳои кӯдакона истеҳсол мешавад. Инчунин ҳамин қадар миқдор техникаҳои присепӣ истеҳсол мегардад.
Дар соли 2029 — 5000 адад таҷҳизоти гидравликӣ, дар солҳои 2029 — 2031 бошад 10 ҳазор адад воситаҳои нақлиёти тиҷоратӣ истеҳсол хоҳанд шуд. Дар давраи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 2000 ҷойҳои кории дорои маоши баланд таъсис меёбад. Ин ба ҷавонони Каттақӯрғон ва ноҳияҳои атроф имкон медиҳад, ки технологияҳои замонавиро аз хона идора кунанд ва маоши баланд ба даст оранд.
Маҳаллисозӣ — омили калидии рушди истеҳсолот. Яке аз масъалаҳои муҳим баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозии истеҳсолот мебошад. Бо рушди кооператсияи саноатӣ ҳаҷми «контенти маҳаллӣ» то 100 миллион доллар дар як сол расонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки қисми зиёди ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дар худи минтақа истеҳсол мегарданд.
Маҳсулот на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ низ пешбинӣ шудааст. Техникаи тамғаи «Made in Uzbekistan» метавонад дар бозорҳои минтақавӣ мавқеи устувор пайдо намояд.
Инфрасохтор ва омодасозии мутахассисон. Барои фаъолияти самараноки корхонаҳо инфрасохтори муосир зарур аст. Ин масъала низ дар қарор ба таври системавӣ баррасӣ шудааст. Масалан, дар солҳои 2026–2027 ба минтақа шабакаҳои нави барқ, газ, об ва роҳи оҳан кашида мешаванд. Ҳамчунин, на камтар аз 5 фоизи ҷойҳои корӣ дар асоси низоми таълими дуалӣ ташкил мегардад. Барномаи махсуси омодасозии кадрҳо барои 3 сол пешбинӣ шудааст, ки ба ҷавонон имкон медиҳад ҳамзамон таҳсил ва кор кунанд.
Технологияҳои сабз — талаби замон. Бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ, дар истеҳсолот ба нақлиёти барқӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин иқдом ба ҳифзи муҳити зист ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.
Самарқанд — аз маркази сайёҳӣ то маркази саноатӣ. Минтақаи нави мошинсозӣ танҳо маҷмӯи корхонаҳо нест. Он як қадами муҳим дар роҳи мустақилияти саноатии кишвар, рушди технологияҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар солҳои 2028-2030 Самарқанд на танҳо ҳамчун маркази сайёҳӣ, балки ҳамчун яке аз марказҳои муҳими мошинсозии минтақа шинохта мешавад.
Раванди татбиқи лоиҳа таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ҳар шаш моҳ ба Девони Вазирон ҳисобот пешниҳод мегардад. Ин кафолати иҷрои босифат ва саривақтии мақсадҳои муқаррашуда мебошад.
