Ovozi.uz

Ғолибони «Ҳамшира-2026» муайян шуд

Дар шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмуни анъанавии «Ҳамшира — 2026» баргузор гардид.

Мақсад аз ташкили озмун баланд бардоштани нуфузи касби ҳамширагӣ, арзёбии донишу малакаҳои мутахассисони соҳа ва рушди маҳорати касбии онҳо мебошад.

Дар оғози чорабинӣ нотиқон оид ба талабот ва масъулияте, ки имрӯз ба намояндагони ин касб гузошта мешавад, ҳарф заданд.

Дар ҷараёни озмун иштирокчиён донишу таҷрибаи худро намоиш дода, аз санҷишҳои саволу ҷавобҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва маҳорати эҷодӣ гузаштанд.

Мувофиқи натиҷаҳо, ҷойи аввал насиби ҳамшираи шуъбаи тандурустии ноҳияи Нарпай — Мухлиса Неъматова, ҷойи дуюм насиби ҳамшираи филиали Самарқандии Маркази ҷумҳуриявии ихтисосии илмӣ-амалии травматология ва ортопедия — Ёдгора Аъзамова ва ҷойи сеюм насиби ҳамшираи шуъбаи тандурустии ноҳияи Булунғур — Оқилаой Давронова гардид.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ аз рӯи 14 самти ҳамширагӣ ғолибони номинатсияи «Беҳтарин ҳамшираи сол» муайян карда шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.