Сармураббии бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” Луис Энрике пеш аз бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА муқобили “Бавария” изҳори назар кард. Ин вохӯрӣ имшаб, 28–уми апрел дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Париж баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 23:50.
“Ҳама дастаҳо кӯшиш мекунанд, ки ба марҳилаи ниҳоии мавсим дар беҳтарин шакл расанд. Қариб ҳамаи бозигарони мо омодаанд, ба ҷуз аз Кентен Нджанту. Маҳз фазои махсуси Лигаи чемпионҳо футболбозонро бештар ҳавасманд мекунад. Мо дар ҳолати хеле хуб қарор дорем.
Ин бозии ду дастаи беҳтарини Аврупо хоҳад буд, гарчанде “Арсенал” ҳам мавсими хуб дорад. Аз нигоҳи устуворӣ, шояд “Бавария” каме пеш бошад, зеро ҳамагӣ ду бозиро бохтааст. Аммо аз рӯи сатҳи бозӣ, фикр мекунам ҳеҷ дастае аз мо беҳтар нест”- фишурдаи суханони мутахассиси испанӣ Луис Энрикеро нашрияи RMC Sport иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки тими “ПСЖ” қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа маҳсуб мешавад, ки соли гузашта бо ҳисоби 5 бар 0 бошгоҳи “Интер”-ро шикаст дода буд.
