Ovozi.uz

Дар Фарғона мухлисон аз қарори довар норозӣ шуда, ба майдон даромаданд

Шуъбаи полиси вилояти Фарғона хабарҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд таҳқиқ кардааст.

Мувофиқи маълумотҳо, мухлисоне, ки дар бозии футболи «Яйпан» — «Ғазалкент» аз қарори довар эътироз кардаанд, ба тарзи оммавӣ ба майдон даромадаанд.

Тавре ки маълум шуд, 30-юми апрели соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ӯзбекистон байни дастаҳои «Яйпан-Фергана»-и ҳамин ноҳия ва «Ғазалкент»-и ноҳияи Ғазалкенти вилояти Тошканд бозии футбол баргузор шудааст.

Дар охири бозӣ баъзе тамошобинон аз қарори довар эътироз карда, ба варзишгоҳ ҳамла кардаанд. Вазъият аз ҷониби кормандони навбатдор ҳал карда шудааст. Ҳеҷ кас осеб надидааст.

Шуъбаи полиси ноҳия ҳоло тафтишоти иловагиро дар бораи ин ҳодиса, ки боиси вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст, анҷом медиҳад.