Ovozi.uz

Воридшавии нақлиёти шахсӣ ба шаҳр марҳила ба марҳила маҳдуд карда мешавад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пешниҳоди лоиҳаҳо оиди дар шаҳрҳо ҷорӣ намудани тамоюлҳои «шаҳри сабз» шинос гардид. Аз ҷумла, дар ҷараёни муаррифӣ аз рӯи таъмини устувории экологии шаҳри Самарқанд модели «Green Samarkand» («Самарқанди сабз») баррасӣ шуд.

Дар доираи ин модел пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 дар шаҳри Самарқанд ба нишондиҳандаҳои мушаххаси экологӣ ноил гашта шавад.

Бо мақсади татбиқи ин лоиҳа, бо иштироки ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Офиси лоиҳаи «Самарқанди сабз» таъсис дода мешавад. Ин офис тадбирҳои пешбинишударо дар самтҳои шаҳрсозӣ, экология, нақлиёт, сохтмон, сайёҳӣ, саноат ва хизматрасониҳои коммуналӣ дар доираи як низоми ягона ҳамоҳанг месозад.

Дар шаҳри Самарқанд низоми махсуси экологию шаҳрсозӣ ҷорӣ гардида, барои тамоми иншооте, ки нав сохта ё азнавсозӣ мешаванд, риояи талаботи «сохтмони сабз» ҳатмӣ мегардад. Дар ин ҷараён, истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва об, ҷорӣ намудани низоми ҷудокунӣ ва коркарди дубораи партовҳо, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ва ба истифода қабул накардани иншооте, ки ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нестанд, таъмин карда мешавад.

Дар соҳаи нақлиёт гузаронидани шаҳри Самарқанд ба низоми ҳаракати аз ҷиҳати экологӣ тоза пешбинӣ шудааст. Барои ин, харидории 50 электробуси замонавии иқтидори калон, насби 150 чароғаки нави роҳнамо (светофор) дар чорроҳаҳо ва то соли 2030 пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронидани нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасонии таксӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, низоми «Park & Ride» ҷорӣ гардида, минтақаҳои сайёҳии сабз бо афзалияти ҳаракати пиёдагардон ташкил карда мешаванд ва воридшавии нақлиёти шахсӣ ба маркази шаҳр марҳила ба марҳила маҳдуд карда мешавад.

Бо мақсади рушди инфрасохтори обӣ ва «сабз», дар шаҳри Самарқанд ҳадди ақал 4 кӯли сунъӣ ва ҳавзи об, инчунин дар маркази ҳар як ноҳияи вилоят ҳадди ақал як ҳавзи об бунёд мегардад. Дар шаҳр боз 10 фаввораи нав сохта шуда, фаввораҳои мавҷуда пурра навсозӣ мешаванд. Ҳамчунин, шабакаи ҷӯйборҳо бо дарозии умумии 319 километр сохта ва барқарор карда мешавад.

Барои ташаккули инфрасохтори муҳофизатии сабз дар атрофи шаҳр, дар канори «Роҳи нави ҳалқавии калон» «камарбанди сабз» бо дарозии 102,7 километр ва масоҳати умумии 3532 гектар бунёд хоҳад шуд. Ин камарбанд барои коҳиш додани чангу ҳавои гарм, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосфера, ташкили минтақаи табиии муҳофизатӣ дар атрофи шаҳр ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хизмат мекунад.

Дар самти шаҳрсозӣ дар масоҳати 300 гектар минтақаи «Green City Samarkand» таъсис дода мешавад. Дар ин ҳудуд манзилҳо, биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти сайёҳӣ ва зерсохтори ҷамъиятӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии «шаҳри сабз» бунёд хоҳанд шуд.

Бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии иншооти саноатӣ ба муҳити зист, дар минтақаи «саноати сабз» технологияҳои пешрафта, низоми «Zero Visible Emission» ва мониторинги рақамии экологӣ зина ба зина ҷорӣ мегарданд.

Ҳамчунин, дар атрофи минтақаҳои саноатии мавҷуда «камарбандҳои сабз» ташкил шуда, барои берун аз ҳудуди шаҳр кӯчонидани 8 корхонаи саноатии дараҷаи I ва II, ки метавонанд ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ эҷод кунанд, чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар самти идоракунии партовҳо бар асоси тамоюли «Zero Waste Samarkand» (Самарқанди бепартов) низоми ҷудокунии партовҳо, коркарди дубора ва кам кардани ҳаҷми партовҳои фиристодашаванда ба партовгоҳҳо ҷорӣ карда мешавад. Инчунин, барои харитасозии рақамӣ ва сабти фотою видеоии ҳолатҳои ғайриқонунии партофтани партовҳо низоми ахборӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар самти сиёсати иқлим барои шаҳри Самарқанд нишондиҳандаҳои мақсадноки коҳиши партови карбон барои солҳои 2030 ва 2035, инчунин харитаи роҳи «Carbon Neutral Samarkand» (Самарқанди аз назари карбон бетараф) таҳия мегардад.

Ҳамчунин, барои маблағгузории лоиҳаҳои сабз ва иқлимӣ платформаи «Green Samarkand Climate Finance Facility» ва барои эълони ошкорои натиҷаҳо ва мониторинги онҳо платформаи рақамии «Green Samarkand Dashboard» ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар бахшҳои сайёҳӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ бренди «Самарқанди сабз», низоми баҳодиҳии «Green Hotels Samarkand», методологияи «Samarkand City Biodiversity Index», лоиҳаи озмоишии «Urban Biodiversity Samarkand» ва барномаи ихтиёриёни «Гуногунии биологиро ҳифз мекунем» амалӣ хоҳанд шуд.

Бо татбиқи ин ташаббусҳо шаҳри Самарқанд ба маркази сайёҳии экологӣ, сармоягузории сабз ва ҳалли устувори масъалаҳои шаҳрсозӣ табдил дода мешавад.

Умуман, дар доираи ин лоиҳа барои ташаккули Самарқанд ҳамчун «пойтахти сармоягузорӣ ва инноватсияҳои сабзи Осиёи Марказӣ» заминаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва амалӣ фароҳам оварда мешаванд.