Ҷамъомади умумии шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ҷамъомади ҳисоботӣ дар доираи «Ҳафтаи медиа» баргузор шуд. Дар ҷараёни он фаъолияти шуъбаи вилоятии иттиҳод дар солҳои 2021–2025 таҳлил ва нақшаи амал барои панҷ соли оянда тасдиқ карда шуд.
— Имрӯз дар вилоятамон 33 рӯзнома ва маҷалла нашр мешавад, як телевизион, як радио ва 10 нашрияи интернетӣ фаъолият доранд — гуфт раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров. — Ҳамаи рӯзномаҳо дар шабакаҳои интернетӣ веб-сайтҳои расмӣ доранд ва рӯйдодҳои вобаста ба ҳаёти вилоятро фавран инъикос мекунанд. Дар ҳокимиятҳо, идораҳои ҳудудӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ 80 хизмати матбуотӣ ташкил шудааст. Дар панҷ соли охир шуъбаи вилоятии иттиҳодия якҷоя бо ташкилотҳои ҳамкор зиёда аз 650 чорабинӣ, аз ҷумла анҷуманҳои матбуотӣ, брифинг ва суҳбатҳои гирди мизи мудаввар, пресс-тур, тақдимоти китобҳо, семинар ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронд.
Дар ин давр шаш нафар журналист соҳиби мукофотҳои давлатӣ, панҷ нафари дигар барандаи ҷоизаи байналмилалии миллии «Қалами тиллоӣ» шуданд. Рӯзнома ва нашрияҳои интернетӣ, инчунин ҷамоаҳои телевизион ва радио дар озмунҳои фондҳои ҷамоатии назди Олий Маҷлис ва Шӯрои намояндагони халқи вилоят ғолиб омада, грант гирифтанд ва пойгоҳи моддию техникии худро мустаҳкам, кормандонашонро аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ карданд.
Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Орифов оиди ислоҳотҳое, ки дар кишварамон аз рӯи таъмини озодии ахбор ва сухан амалӣ мегарданд, инчунин вазифаву масъулияти журналистон ҳарф зад.
— Мо имрӯз дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҷаҳонро иттилоот идора мекунад ва интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаётамон табдил ёфтаанд, — гуфт Ш.Орифов. — Имрӯзҳо аз ҳар як узви ҷомеа, хусусан аз журналист ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ҳушёрӣ, зиракӣ ва фаъолӣ талаб карда мешавад. Мо мебинем, ки ҳамкасбони самарқандиамон ин масъулиятро хуб дарк намуда, фаъолият пеш мебаранд. Аммо зарур аст, ки ин фаъолиро боз ҳам пурзӯр карда, аз имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус зеҳни сунъӣ, самаранок истифода баранд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзнома таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи касбии журналистӣ, таъмини фаврӣ ва беғаразӣ дар ахбор, инчунин мутобиқ шудан ба талаботи имрӯзаи соҳаи медиа аҳамияти муҳим дорад.
Дар идома, вакилон ба ҷамъомади навбатии ҳисоботии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон интихоб гардиданд. Сипас, Ш.Орифов дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бо донишҷӯёни факултети журналистикаи байналмилалӣ мулоқот кард. Дар он оиди фаъолияти иттиҳодия дар самти кор бо ҷавонон, дастгирии онҳо ва имкониятҳое, ки барои мутахассисони ҷавон фароҳам оварда шудаанд, маълумот дода шуд.
Донишҷӯён низ дар навбати худ аз раиси иттиҳодия ва журналистони варзидаи вилоят ба саволҳои худ посух гирифтанд.
