12-уми май — Рӯзи умумиҷаҳонии саломатии растаниҳо
Мафҳуми «карантин» аз забони итолиёвӣ гирифта шуда, маънояш «чил рӯз» (яъне чилла) мебошад ва ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва барҳам додани манбаъҳои онҳо ишора мекунад.
Карантин на танҳо дар байни аҳолӣ, балки дар соҳаҳои чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ татбиқ мегардад.
Ҳоло дар вилояти Самарқанд Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳо фаъолият мекунад. Мо бо сарвари садорат Шомурод Ӯразов ҳамсуҳбат шудем.
— Дар урфият мегӯянд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», — гуфт Шомурод Ӯразов. — Ходимони мо барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар кишоварзӣ, бахусус ҳифзи растаниҳо, аз тадбирҳои гуногуни самаранок истифода мебаранд. Масалан, чанде пеш қариб 10 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда аз Туркия ба Самарқанд оварда шуд. Пас аз санҷиши тиббӣ-санитарӣ, маълум гардид, ки қисми зиёди ниҳолҳои шафтолу ба бемориҳои сироятӣ гирифтор буда, хатари паҳншавии оммавӣ доштаанд. Дар асоси қонун онҳо нобуд карда шуданд.
Дар доираи «40 рӯзи зарбдор» барои ҳифзи зироатҳои ғалладона дар 83 ҳазору 913 гектар замин чораҳои карантинӣ амалӣ гардиданд. Дар натиҷа, ҳолати аксари майдонҳо беҳтар ва нашъунамои зироатҳо хубтар ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин, дар соҳили рӯд ва ҷӯйборҳо парвариши растаниҳои шифобахш, дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан ба роҳандозӣ монда шудаанд. Танҳо соли равон, мувофиқи қарори Президенти мамлакат роҷеъ ба бунёди «Макони сабз», дар беш аз 2 ҳазор гектар замин қариб 1 миллиону 455 ҳазор бех ниҳол шинонданд.
Умуман, дар ҳудуди вилоят бо роҳи ҳашар беш аз 12 миллион бех ниҳолҳои гуногун шинондан ва садорати мо онҳоро назорат мекунад. Ҳангоми пайдо шудани бемориҳо чораҳои карантинӣ фавран амалӣ карда мешаванд.
— Соли гузашта деҳқонон аз ҳосили помидор қаноатманд набуданд. Сабаб дар чист?
— Помидор зироати гармидӯст аст ва барои нашъунамои он ҳарорати 20–30 дараҷа мусоид мебошад. Нигоҳубини дуруст — нарм кардани хок, нест кардани алафҳои бегона, обёрии меъёрӣ ва мубориза бо бемориҳо — шарти асосии ҳосили фаровон аст.
Имрӯз дар Ӯзбекистон беш аз 50 навъи помидорро парвариш мекунанд. Навъҳои «Волгоград», «Кубан», «Дили барзагов» ва дигарҳо ба шароити маҳаллӣ мутобиқанд. Ҳангоми парвариши ниҳоли помидор дар гармхонаҳо интихоби навъи ба шароити иқлимӣ мувофиқ ва ба бемориҳо тобовар хеле муҳим аст.
— Кадом ноҳияҳо дар ин самт фаъолияти хуб доранд?
— Агар одилона баҳогузорӣ кунем, аксари кормандон фаъолияти худро тибқи талаботи замон ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, намояндагони мо дар ноҳияҳои Самарқанд — Ҷасур Салимов, Ургут — Эгамбердӣ Очилов, Тайлоқ — Умед Муродов, Ҷомбой — Бахтиёр Каримов ва дигарон фаъолияти назаррас доранд.
Бахтигул ҒАНИЕВА,
роҳбари хизмати матбуоти Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилояти Самарқанд
З.ҲАСАНЗОДА
