Кормандони таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба муносибати 9-уми май — Рӯзи хотира ва қадршиносӣ бо сарварии сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов аз ҳоли якчанд нафар рӯзноманигорони собиқадор ва нурониёне, ки солҳои дароз бо рӯзнома ҳамкорӣ доранд, хабар гирифтанд.
Онҳо нахуст, ба ҳолпурсии Матлуба Нарзуллоева, яке аз шахсиятҳои барҷастаи соҳаи таълим, ҳамсари собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», шодравон Ғафурҷон Маҳмудов, рафтанд.
Баъд аз дидорбинӣ бо муаллима, қабри Ғ.Маҳмудов низ, ки дар қабристони маҳаллаи Талибарзӯи Поён воқеъ аст, зиёрат карда шуд.
Сипас, кормандони рӯзнома бо ҳамроҳии писари Ғ.Маҳмудов — Акбар Маҳмудов ба аёдати Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, нависанда Нусрат Раҳмат ва муаррихи шинохта, олими бостоншинос Нӯъмон Маҳмудов рафтанд.
Манзили навбатӣ қабристонҳои «Шоҳи Зинда» ва «Хоҷаи Хизр» шуд, ки дар он ҷо қабри шоир Пайрав Сулаймонӣ, академик Ботирхон Валихоҷаев, нахустин сармуҳаррири рӯзнома Нор Остонзода ва дигарон зиёрату дар ҳаққи онҳо оятҳои Қуръон тиловат гардиданд.
Ҳасан СОДИҚОВ
