Ovozi.uz

Норвегия пас аз 14 сол ба нимфинали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

Субҳи имрӯз, дар шаҳри Фрибури Швейтсария бозии марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба хоккей миёни мунтахабҳои Норвегия ва Латвия баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар майдони “БСФ-Арена” доир шуда, бо пирӯзии хоккейбозони норвегӣ бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Бо ин натиҷа мунтахаби Норвегия ба даври нимфиналии мусобиқот роҳ ёфт.

Гӯйи аввалро дар дақиқаи 28-уми бозӣ ҳамлагари Норвегия Тинус Люк Коблар ба самар расонд. Дар лаҳзаҳои охири рақобат, дар дақиқаи охирин Ноа Стеен голи дуюми дастаашро зада, натиҷаи ниҳоиро 2:0 кард.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Норвегия бори аввал пас аз 14 сол ба марҳилаи нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Бори охир Норвегия соли 2012 дар чаҳорякфинал бозӣ карда, он вақт аз мунтахаби Россия бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрда буд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти имсола Норвегия бо 15 имтиёз мақоми дуюмро дар гурӯҳи “B” касб кард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба хоккей аз 15 то 31-уми май дар шаҳрҳои Сюрих ва Фрибури Швейтсария баргузор шуда истодааст.