Ovozi.uz

Дар шаҳри Самарқанд Ҷамъомади 71-уми шӯрои Бунёди ҷаҳонии экологӣ (GEF) гузаронида шуд

Дар ҷамъомад, ки дар арафаи Ассамблеяи VIII GEF ва намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» баргузор мегардад, намояндагони 186 кишвари узви ин фонд, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, агентиҳои экологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва секторҳои хусусӣ иштирок карданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ, ки дар маҷмааи “Silk Road Samarkand” баргузор гардид, парчамҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассамблеяи VIII Бунёди ҷаҳонии экологӣ барафрошта шуданд.

Сипас, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ, раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, сардиректори Бунёди ҷаҳонии экологӣ, инчунин директор оид ба стратегия ва амалиёти он Клод Гасконҳо суханронӣ карданд.

Азиз Абдуҳакимов қайд кард, ки барои Ӯзбекистон мизбонии Ассамблеяи GEF ва чорабиниҳои вобаста ба он, ки дар Самарқанд гузаронида мешаванд, шарафи бузург аст.

— Самарқанд асрҳо ин ҷониб одамон, фарҳангҳо ва ғояҳои қитъаҳои гуногунро бо ҳам мепайвандад, — гуфт А.Абдуҳакимов. — Имрӯз ин шаҳр ҳамаи моро ҳамчун маркази ҳамкории ҷаҳонӣ дар ҳалли муаммоҳои умумии экологӣ муттаҳид мекунад.

Қайд карда шуд, ки мавзӯи ассамблеяи имсола — «Ҳаракати охирин барои соли 2030» дар шароити инқирози афзояндаи экологӣ ва кам шудани вақти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист махсусан муҳим аст.

Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ба ҳамкории дарозмуддати худ бо GEF арҷ мегузорад. Бунёди мазкур дар тӯли солҳои ҳамкорӣ, ба кишвар дар ҳифзи гуногунии биологӣ, аз ҷумла ҳифзи паланги барфӣ, барқарор кардани экосистемаҳои баҳри Арал, афзоиши устувории иқлим ва беҳтар кардани системаҳои устувори идоракунии замин ва партовҳо кумак кардааст.

Пас аз қисми расмӣ, байни Котибияти GEF ва Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд.

Дар доираи меморандум, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, мубориза бо деградатсияи замин, идораи моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳо, инчунин мустаҳкам намудани робитаҳои институтсионалии байни сохторҳои экологӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро рушд диҳанд.

Дар доираи ассамблея байни директори Агентии зиёд намудани ҷангалҳо ва минтақаҳои сабз, инчунин мубориза бо биёбоншавии назди Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Эркин Муҳиддинов ва ноиби иҷроияи Созмони рушди саноатӣ, маънавӣ ва фарҳангии Япония (OISCA) Нагаиси Ясуаки вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо меморандуми тафоҳумро имзо карданд, ки барои минбаъд ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо равона шудааст.

Имрӯз портфели лоиҳаҳои GEF дар Ӯзбекистон 13 лоиҳаи дорои арзиши умумии 56 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Илова бар ин, 5 портфели лоиҳаи нав бо арзиши беш аз 30 миллион доллари ИМА таҳия карда шудаанд.

Дар давоми ҷамъомадҳои шӯро лоиҳаҳои марбут ба ҳифзи уқёнусҳо ва гуногунии биологӣ, рушди инфрасохтори устувор, мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва ҷорӣ намудани механизмҳои маблағгузории омехта баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ташаббусҳои марбут ба энергияи барқароршаванда ва системаҳои нигоҳдории энергия, аз ҷумла ташаббусҳое, ки барои Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳо тасдиқи стратегияи барномаи GEF-9, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои нав барои дастгирии кишварҳои камрушдёфта ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ дар назар аст. Ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ эътибори махсус зоҳир карда шуд.

Чорабиниҳо то 6-уми июн идома меёбанд.