Ovozi.uz

Чаро навхонадорон аз ҳам ҷудо мешаванд?

Чаро имрӯзҳо оилаҳо бо муҳаббат ва орзуҳои ширин бунёд шуда, бештар ба ҷудошавӣ рӯ ба рӯ мегарданд? Ё ҷавонон ба зиндагии оилавӣ омода нестанд? Мумкин хонавайрониҳо сабабҳои дигар доранд?

Оила пояи ҷомеа аст. Ақди никоҳ бошад, на танҳо як маросим, балки оғози масъулияти бузург миёни ду инсон ба шумор меравад. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки на ҳама ба ин масъулият омодаанд.

Мувофиқи маълумоти статис­тикӣ, дар ҳудуди хизматрасонии шуъбаи қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ШҚАҲШ)-и рақами 2‑и шаҳри Самарқанд давоми 4 моҳи соли равон 1968 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давра 203 ҳолати ақди никоҳ ва 67 ҳолати ҷудошавӣ ба қайд гирифта шудааст. Агар ин рақамҳоро бо ҳамин давраи соли гузашта муқоиса намоем (56 ҳолати ҷудошавӣ сабт гардида буд), 11 то зиёд аст. Ин санадҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаммоҳои оилавӣ афзудаанд.

Илова бар ин, солҳои охир дар байни намояндагони ҷомеаи лӯлиҳо низ ба расмият даровардани ақди никоҳ бештар ба назар мерасад. Онҳо низ фаъолона аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва дигар кумакҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақа, муроҷиат мекунанд. Ин ҷараён нишон медиҳад, ки сатҳи огоҳӣ ва муносибат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа тадриҷан беҳтар мегардад.

— Сабабҳои асосии ҷудошавӣ бештар ба омилҳои иҷтимоӣ ва психологӣ вобастаанд, — гуфт мудираи ШҚАҲШ-и рақами 2‑и шаҳр Заррина Нуриллоева. — Истифодаи нодурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ, камсабрӣ, норизоӣ ва надонистани шукри зиндагӣ, яъне, муаммо бештар дар заминаи тафаккури ҷавонон ба вуҷуд меояд. Ҳамзамон, муҳоҷирати меҳнатии падару модарон низ ба тарбияи фарзанд таъсири ҷиддӣ мерасонад. Фарзандон дар бисёр ҳолатҳо бе назорати падару модар, дар назди бобову бибӣ ё дигар хешовандон калон мешаванд. Ин ҳолат баъзан ба кам шудани масъулиятшиносӣ ва сабри онҳо дар зиндагии оилавӣ оварда мерасонад.

Аз рақамҳои статистикӣ маълум аст, ки солҳои охир ҳолати никоҳи шаҳрвандони мо бо хориҷиён низ афзудааст. То имрӯз 20 ҳолати чунин никоҳро ба қайд гирифтаанд. Ин ақди никоҳҳо асосан бо шаҳрвандони ИМА, Миср, Япония, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Бангладеш баста шудаанд. Бештари домодҳо аз ҷониби духтарону занони мо интихоб мешаванд. Танҳо дар як ҳолат аз Япония арӯс овардаанд.

— Чанде пеш як оилаи ҷавон барои ҷудошавӣ муроҷиат намуд. Аз аввал маълум буд, ки байни онҳо сардӣ ва нофаҳмӣ ҷой дорад, — гуфт З.Нуриллоева. — Домод ором, вале ботинан ғамзада ва пурдард менамуд. Келин бошад, бештар хомӯш менишаст. Дар рафти суҳбат домод гуфт, ки аз хурдӣ бе падар калон шуда, барвақт бори зиндагӣ ба дӯшаш афтодааст. Бо меҳнати худ хоҳарашро ба шавҳар бароварда, сипас худаш оиладор шудааст. Бо гузашти рӯзҳо дар муносибати ҳамсарон нофаҳмиву муаммо сар задаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш соҳиби ҳунаре нест ва бар замми ин, ба корҳои рӯзгор майл надорад. Пухтупаз, ҷомашӯӣ ва масъулияти хонадорӣ барояш муҳим нест. Бештар мехоҳад ҳама чиз тайёр бошад — аз кафе ё «доставка».

Шавҳари арӯс гуфт, ки барои пешгирии ҷанҷоли оилавӣ, ҳатто яхдонро аз маҳсулоти нимтайёр пур кардааст, аммо ин ҳам натиҷае надодааст. Модараш бо умеди беҳбудии зиндагонӣ онҳоро ба хонаи дигар кӯчонидааст, вале вазъият тағйир наёфтааст. Дар охир, ҷавон дардомез гуфт, ки ӯ барои вайрон шудани оила хонадор нашудааст, аммо дигар тоқат надорад.

Мо ба ҳамсарон тавсия додем, ки барои нигоҳ доштани оила кӯшиш кунанд. Ба келин пешниҳод кардем, ки узр пурсад ва муносибатро ислоҳ намояд. Аммо ӯ худро гунаҳкор надониста, аз гузашт кардан худдорӣ намуд. Бовар кунед, ин гуна ҳолатҳо бисёр мешаванд. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки оилаи дар «ҷарӣ» қарордоштаро нигоҳ дорем, то ки оилаҳо мустаҳкам гарданд.

Имрӯз як омиле, ки наметавон онро нодида гирифт, таъсири баъзе сериалҳо ба тафаккури ҷавонон мебошад. Дар он зиндагии оилавӣ бештар ба таври сунъӣ ва яктарафа инъикос меёбад: ҷанҷолҳо зиёд, сабр кам ва масъулият гӯё дар канор мемонад.

Гоҳо образҳое пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо келин ё ҳамсар ҳамчун шахси худпараст, беандеша ва шахсе, ки омодагии зиндагии воқеиро надорад, тасвир мегарданд. Чунин намоишҳо метавонанд дар зеҳни ҷавонон тасаввури нодуруст ба вуҷуд оранд, гӯё зиндагии оилавӣ танҳо ба эҳсос ва хоҳишҳои шахсӣ вобаста бошад.

Вале ҳаёти воқеӣ дигар аст. Оила, пеш аз ҳама, сабр, масъулият ва гузашт мехоҳад.

Ҷудошавии оилаҳо имрӯз танҳо аз як омил вобаста нест, балки маҷмӯи сабабҳо ба он таъсир мерасонанд.

Ба андешаи мутахассисон, барои беҳтар шудани вазъият зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи оилавӣ, омодасозии ҷавонон пеш аз никоҳ ва баланд бардоштани маданияти муносибатҳо эътибори бештар дода шавад.

М.ҶУМЪАЗОДА,
Д.ОБЛОҚУЛОВА