Ovozi.uz

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар бозӣ муқобили Нидерландия бо либоси пурраи кабуд ба майдон мебарояд

Имрӯз, 8-уми июн, тими миллии Ӯзбекистон дар бозии дӯстона муқобили тими Нидерландия ба майдон мебарояд.

Пеш аз оғози бозӣ бо иштироки намояндагони расмии ҳар ду даста ҷаласа баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба ташкили вохӯрӣ баррасӣ ва тавсияву ёдраскуниҳои зарурӣ дода шуданд.

Тибқи қарор, футболбозони тими миллии Ӯзбекистон дар ин дидор бо либоси пурраи кабуд бозӣ мекунанд. Дарвозабон бошад, бо либоси сабз ба майдон мебарояд.

Қобили зикр аст, ки ин бозӣ соати 23:45 ба вақти Тошканд оғоз мешавад.

Ин вохӯрӣ дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон баргузор шуда, дар варзишгоҳи Icahn Stadium шаҳри New York City доир мегардад.