Ovozi.uz

Дар Самарқанд таҳти шиори «Ӯзбекистони Навро ҷавонон месозанд!» марафони «Ташаббусҳои ҷавонон» баргузор гардид

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани фаъолии ҷавонон ва дастгирии ғояҳову ташаббусҳои инноватсионии онҳо ташкил карда шуд. Дар он як қатор ташаббусҳои амалӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаҳои стартапӣ, соҳибкорӣ, фарҳанг ва китобхонӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар давоми марафон ҷавонони самарқандӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрам пешниҳодҳои мушаххас ва ғояҳои навро ба миён гузоштанд. Ин иқдом ба таҳкими минбаъдаи иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат намуд.

Дар анҷоми марафон дар мавзеи Қорасуви шаҳри Самарқанд барномаи консертӣ ташкил карда шуд. Дар он ҳокими вилоят Адиз Бобоев, директори Агентии корҳои ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллаев ва роҳбари Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат Отабек Ҳасанов суханронӣ намуда, дар бораи имкониятҳое, ки имрӯз барои ҷавонон дар кишварамон фароҳам оварда мешаванд, ибрози назар карданд ва ба ҳамаи ҷавонон барору комёбиҳо орзу намуданд.

Ҳамчунин ҷавонони фаъол, роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки бо онҳо фаъолият мебаранд, инчунин ректорони муассисаҳои таълими олӣ аз рӯи номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд.

Дар барномаи гала-консерт сурудҳое, ки Ватан ва ҷавониро васф менамоянд, иҷро гардида, чорабинӣ дар фазои болида ба анҷом расид.