Ovozi.uz

Туркия аз Парагвай шикаст хӯрд ва бо Ҷоми ҷаҳон худоҳофизӣ кард

Дастаи мунтахаби Туркия дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон аз Парагвай шикаст хӯрд ва бо ин мусобиқа хайрухуш кард.

Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Санта-Клараи Америка баргузор шуда, бо ягона голи Матиас Галарса, футболбози парагвайӣ, ки дар дақиқаи 2-юм зада шуд, охир расид. Ҳарчанд, пас аз корти сурх гирифтани Мигел Алмерон Парагвай нимаи дуюми рақобатро бо 10 бозигар идома дод, вале то охири бозӣ Туркия натавонист, ки ҳимояи ин дастаро шикаста, гол занад.

Алмиронро метавон аввалин қурбонии қоидаи нави ФИФА донист. Ӯ ҳангоми суҳбат бо рақиб даҳонашро бо дасташ пӯшонд ва довар пас аз баррасии навор ӯро сазовори корти сурх донист.

Ҳамин, тавр Парагвай бо ин ғалаба се имтиёз ба даст оварда, ба зинаи сеюми гурӯҳи «D» баромад. Туркия бо 0 бо Ҷоми ҷаҳон хайрбод гуфт. Ин даста дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ бо Америка рақобат хоҳад кард, вале ин бозӣ ҳеҷ таъсире барои идомаи роҳ дар Ҷоми ҷаҳон нахоҳад дошт.