Сессияи навбатии сиюдуюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор шуд. Ба сессия раиси шӯро Ш.Негматов сарварӣ намуд. Дар сессия ҷонишини раиси кумитаи Сенати Олий Маҷлис роҷеъ ба масъалаҳои мудофиа ва бехавфӣ Б.Абдуллоев иштирок кард.
Мувофиқи рӯзнома дар сессия аввал ҳисоботи сардори садорати вилоятии Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ Р.Қурбонов роҷеъ ба корҳое, ки барои иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи чорабиниҳо роҷеъ ба беҳдошти сохтори санитарӣ-гигиении ҳоҷатхонаҳои ҷамоатии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, шабакаҳои хӯроки умумӣ ва шафати роҳҳои автомобилии байнивилоятӣ» шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар ин самт корҳои муайянро амалӣ намудаанд. Аз ҷумла, қоидаҳои санитарии рақами 0100–25 ва меъёрҳо оиди таҳияи лоиҳа, сохтмон, таъминот бо об, гармидиҳӣ, тозагии ҳаво, равшаннамоӣ ва ҷиҳозонидан таҳия гардида, дар амал татбиқ карда мешаванд. Инчунин, рӯйхати объектҳое, ки ҳоҷатхонаҳои ҷамоатии онҳоро таъмир, тармим ё ки аз нав сохтан лозим аст, тартиб дода шуд.
Бо мақсади тарғиби васеи талаботи санитарӣ ва гигиена бо ёрии воситаҳои ахбори умумӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ 3 видеоролик тайёр намуда, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ташкил карда шудаанд. Дар даври ҳисоботии имсола дар 1030 муассисаи таълимии вилоят чорабиниҳои назоратӣ гузаронданд ва нисбати масъулони 474 муассиса, ки дар объектҳои онҳо ҳолатҳои риоя накардан ба қоидаҳо муайян гардидаанд, чораҳои маъмурӣ диданд. Фаъолияти 21 муассисаро то бартараф гардидани норасоӣ муваққатан боздоштанд ва 59 нафар ходим, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, аз вазифа сабукдӯш гардиданд.
Баробари ҳамин, дар баъзе муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабҳои таълими умумӣ дар ҳоли таъмирталаб будани ҳоҷатхонаҳо, барои шустани даст фароҳам оварда нашудани шароити кифоя, ба дараҷаи талабот роҳандозӣ нагардидани корҳои дезинфикатсионӣ қайд гардиданд.
Дар муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ низ роҷеъ ба назорати ҳолати санитарӣ 332 маротиба санҷишҳо амалӣ намуда, фаъолияти 20 муассисаи табобатӣ-профилактикӣ, ки ба талаботи санитарӣ риоя карда нашудаанд, муваққатан боздошта шуданд, ба роҳбарони 15 муассиса тақдимномаҳо навиштанд ва нисбати 194 нафар ходими масъул чораҳои маъмурӣ андешиданд.
Намояндагони халқ аз рӯи ҳисобот савол ва пешниҳодҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки роҷеъ ба ҳар масъалаи бо саломатии инсон вобаста, роҳандозии назорат ва корҳои мониторингӣ зарур аст.
Сипас, дар сессия масъалаҳое аз қабили додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ, дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, ки худсарона азхуд кардаанд, инчунин бино ва иншоотҳои дар онҳо бунёдшуда, дар бораи ташкил намудани «Минтақаи саноатии маҳсулотҳои электротехника» дар маҳаллаи Мелихӯҷаи ноҳияи Каттақӯрғон, дар бораи тасдиқ намудани чораҳои ташкили фестивал, консерт ва тадбирҳои оммавӣ ва ғайра баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Аъзои Сенати Олий Маҷлис Б.Абдуллоев ҳангоми суханронии худ дар маҷлис аҳамияти муҳими иштироки фаъолонаи намояндагони халқро дар баррасии масъалаҳои рӯзнома таъкид намуд. Инчунин, зарурати роҳандозии назорати амалии иҷрои қарорҳои шӯро, ки дар натиҷаи баррасии ахбор ва ҳисоботҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ қабул карда мешаванд, қайд гардид.
Аҳамияти назорати амалии иҷрои қарорҳои Шӯро
