Ovozi.uz

Ба нурoниён нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» супурда шуд

Дар шаҳри Самарқанд бахшида ба маросими супоридани нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» чорабинӣ баргузор гардид. Дар он меҳнати нурониёни фидокор, ташаббускор ва нафароне, ки роҳи зиндагии онҳо барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад, сазовори қадрдонӣ гардид.

Арҷгузорӣ ба калонсолон ва эҳтирому эъзози онҳо аз ҷумлаи арзишҳои деринаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин анъана бо мазмуни нав ғанӣ гардида, ба як мактаби муҳими тарбия табдил ёфтааст.

Тибқи қарори Шӯрои васиёни Бунёди «Нуроний», собиқадороне, ки солҳои зиёд дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат самаранок фаъолият намудаанд, бо нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» сарфароз гардонида шуданд. Дар байни онҳо 78 нафар нурониёни вилояти Самарқанд низ ҳастанд.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок намуда, собиқадоронро табрик гуфт. Роҳбари вилоят дар суханронии худ таъкид кард, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва фаъолияти меҳнатии нурониён барои ҷавонон намунаи ибрат буда, ба онҳо изҳори сипос намуд.

— Нурониёни мо дар тамоми соҳаҳо фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолият ва дуоҳои неки онҳо ба ҳамаи корҳои мо баракату самара мебахшанд, — гуфт Адиз Бобоев.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо ифодаи равшани ғамхорӣ, таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбат ба калонсолон мебошанд.