Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят ба муносибати 85-солагии Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева таҳти унвони «Умри ирода ва матонат аксёфта» чорабинии адабӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ва шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон гузаронида шуд, раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Орипов, сармуҳаррири таҳририятҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, аҳли илму адаби Самарқанд, меҳмононе зиёде, ки аз дигар вилоятҳо ташриф овардаанд, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва пайвандони журналисти варзида иштирок намуданд.
Шахсоне, ки суханронӣ намуданд, доир ба фаъолияти Муайяна Хоҷаева, саҳми ӯ дар рушди журналистикаи миллӣ, инчунин роҳи ибратбахши зиндагии ӯ андешаҳои худро баён карданд.
— Президенти муҳтарами мо ҳар ҷо, ки раванд, ба бонувону нурониён ҳурмату эҳтиром ва эътибори алоҳида зоҳир менамоянд, — раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Ш.Орипов. — Имрӯз боварӣ ҳосил кардам, ки ин анъана дар журналистикаи Самарқанд низ идома меёбад. Ман дар Муайяна Хоҷаева тимсоли тамоми журналистони фидоии журналистикаи миллиро мебинам. Муайяна Хоҷаева аз зумраи журналистони фидоиест, ки дар нафақа бошад ҳам, ғами ояндаи журналистикаро мехӯрад ва ҳанӯз ҳам барои ривоҷу равнақи он ба шогирдони худ тавсияҳо медиҳад.
Сипас, Ш.Орипов, Ф.Тошев ва Б.Раҳмоновҳо табрикномаи ҳокими вилоятро хонда, туҳфаҳои хотирмони ӯро ба М.Хоҷаева тақдим намуданд.— Журналист бояд оинаи халқ бошад, — гуфт ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд, профессор Юсуф Абдуллоев. — Бо ҳамин сабаб, ҳафтаномае, ки Маҳмудохоҷа Беҳбудӣ дар Самарқанд таъсис намуд, «Оина» ном гирифт. Қариб дар ҳамаи мақолаҳои Муайяна Хоҷаева низ ана ҳамин хусусият вуҷуд дорад, яъне ӯ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ба дарди халқ оина дорад.
Журналист танҳо як роҳ дорад. Он ҳам бошад, роҳи ҳақиқат. Боварӣ дорам, ки ин бонуи шуҷоатманд танҳо аз ҳамин роҳ гузар намудааст.
Дар идома дӯстон, шогирдон, ҳамкорони собиқи соҳибҷашн, аз ҷумла абераи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Шоҳрух Беҳбудӣ, роҳбари ширкати СТВ Холида Абдухолиқова, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» Тоҷиддин Икромов, рӯзноманигори маъруф Шоҳқаҳҳор Салимов, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Шуҳрат Самадов ва дигарон мавсуфро бо ҷашни 85-солагӣ табрик ва туҳфаҳои хотирмони худро тақдим намуданд.
Ҳасан СОДИҚОВ
