Ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Хуршидбек Самиев дар доираи сафари корӣ ба вилояти Гроднои Ҷумҳурии Беларус бо ҳокими вилояти Гродно Юрий Ҳаҷимуратович Караев мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои байни минтақаҳо, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маориф ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба фаъол гардондани робитаҳои мустақими байни соҳибкорон, ташкили миссияҳои мутақобилаи тиҷоратӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ, васеъ намудани мубодилаи мутахассисон ва мустаҳкам кардани шарикии байни минтақаҳо мубодилаи афкор анҷом доданд. Аз ҷумла, ташаббуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои дӯстона байни ноҳияҳои Пастдарғам ва Лида махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкорӣ баррасӣ шуда, аҳамияти рушди мунтазам ва доимии муносибатҳои дуҷониба таъкид карда шуд.
