Ovozi.uz

Фоида ва зарари каштан

Каштан меваи ғизонок ва барои саломатӣ фоидаовар аст. Дарахти каштан метавонад то 20-35 метр қад каша два солҳои зиёд умр бинад. Меваи он дар пӯсти хордор ҷойгир буда, ҳангоми пухтан аз он берун меояд. Каштан аз карбогидратҳо, нах, витаминҳои С ва гурӯҳи В, инчунин минералҳо, аз ҷумла калий ва магний бой аст. Баръакси бисёр чормағзҳо, каштан равғани кам дошта, энергия ва ғизои хуб медиҳад. Онро метавон ҷӯшонида, бирён карда ё дар тайёр кардани шириниҳо ва дигар таомҳо истифода бурд.

Истеъмоли каштан ба беҳтар шудани ҳозима, фаъолияти дил ва қувват бахшидани организм мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди фоидаҳояш, каштанро низ бояд ба миқдори мӯътадил истеъмол кард, зеро он калория дорад. Агар аз ҳад зиёд хӯрда шавад, метавонад боиси вазнин шудани ҳозима, дамиши шикам ё қабзият гардад.

Баъзе одамон ба каштан аллергия доранд. Дар чунин ҳолат хорищ, доначаҳои пӯст, варам ё душвории нафаскашӣ пайдо шуда метавонад.

Азбаски каштан карбогидрат дорад, шахсони гирифтори диабети қанд бояд онро ба миқдори назоратшуда истеъмол кунанд.

Каштани хом барои баъзе одамон ҳазмаш душвортар аст, бинобар ин беҳтар аст онро пухта ё бирён карда истеъмол намоянд.

Агар пас аз хӯрдани каштан нишонаҳои аллергия ё дигар аломатҳои шадид пайдо шаванд, бояд фавран ба духтур муроҷиат кард.