Ovozi.uz

Ноҳияи Самарқанд ба маркази нави сайёҳӣ табдил меёбад

Ноҳияи Самарқанд ҳамчун «камарбанди сабз» ва «камарбанди тиллоӣ»-и вилоятамон маъруф аст. Маҳз ҳамин ноҳия бозори шаҳри Самарқандро бо меваю сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ таъмин менамояд. Имрӯз ноҳия дар баробари нигоҳ доштани мавқеи худ дар соҳаи кишоварзӣ, бо қадамҳои устувор ба самти рушди саноат, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ ҳаракат намуда, симои иқтисодии худро тағйир медиҳад.

Ин тағйирот дар ҷараёни пресс-тур, ки бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд баргузор гардид, равшан эҳсос шуд. Дар рафти сафар рӯзноманигорон аз наздик бо як қатор иншооти истеҳсолӣ ва сайёҳӣ шинос шуда, шоҳиди бунёдкориҳои солҳои охир гардиданд.

Пресс-тур аз зиёрати маҷмааи таърихии Хоҷа Аҳрори Валӣ оғоз ёфт. Дар ин макони муқаддас Қуръони Карим тиловат гардида, баъдан иштирокчиён аз мадрасаи Нодир Девонбегӣ боздид карданд. Пас аз он, сӯи иншооти истеҳсолӣ сайёҳии ноҳия равона шуданд.

Яке аз аввалин нуқтаҳои боздиди онҳо — корхонаи истеҳсоли газоблоки ҶММ «Qayumov Stroy Invest» буд. Дар ин корхона газоблок, оҳак ва пенопласт истеҳсол мешавад. Ба истифода дода шудани ин корхона барои 120 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Ба гуфтаи мутахассисон, газоблок аз масолеҳи муосири бинокорӣ сохта шуда, муҳити дохили биноро дар фасли зимистон гарм, дар тобистон салқин нигоҳ медорад. Андозаи нисбат ба хишти маъмулӣ калонтари он имконият медиҳад, ки ҳам масолеҳ ва ҳам вақти сохтмон сарфа гардад.

Қисми асосии пресс-тур ба минтақаи туристӣ-­рекреатсионии Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул бахшида шуд. Маълум аст, ки дар ин ҳудуд бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6‑уми феврали соли 2024, «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти минтақаи туристию рекреатсионии «Оҳалик — Оқбӯйро — Миронқул» таҳти рақами ҚП‑60 минтақаи махсуси туристию рекреатсионӣ таъсис дода шуд, ки 5 ҳазор гектар заминҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро дар бар мегирад.

Ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов зимни анҷумани матбуотӣ қайд кард, ки имрӯз дар ин минтақа қариб 170 истироҳатгоҳи хурд ва зиёда аз 50 маҷмааи бузурги сайёҳӣ фаъолият доранд. Имсол танҳо дар мавсими баҳору тобистон беш аз 1,1 миллион нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз ин мавзеъҳо боздид намудаанд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ, дар се маҳалла 185 лоиҳаи нав дар самтҳои экосайёҳӣ, этносайёҳӣ, агросайёҳӣ ва сайёҳии экстремалӣ амалӣ мегардад. Пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо шумораи меҳмонон ба 2,7 миллион нафар расонида шавад.

— Аз буҷети ҷумҳурӣ барои рушди инфрасохтори ҳашт лоиҳаи муҳими сайёҳӣ 34,1 миллиард сӯм ҷудо шудааст, ­— гуфт С.Усмонов. — Ин маблағ барои таъмиру васеъ кардани роҳҳо, гузаронидани шабакаҳои обу барқ, таъмин намудани алоқаи интернет ва беҳтар кардани дигар инфрасохтори муҳандисӣ истифода мешавад. Ҳамзамон, то охири сол дар минтақа 9 меҳмонхона, 36 хостел ва 96 меҳмонхонаи оилавӣ ба истифода дода шуда, шумораи умумии ҷойҳои қабули сайёҳон ба 24 ҳазору 700 мерасад.

Дар маҳаллаи Миронқул рӯзноманигорон аз маҷмааи солимгардонии «Edelvesy psa resort» дидан карданд, ки корҳои сохтмонӣ дар он ба марҳилаи анҷомёбӣ расидааст. Маҷмаа дар масоҳати 50 гектар бунёд шуда, дорои меҳмонхонаҳои муосир, ҳавзҳои шиноварии тобистонаву зимистона ва осоишгоҳи тиббӣ мебошад. Дар ҳудуди он зиёда аз 73 ҳазор дарахт шинонда, муҳити сабзу хушманзар фароҳам оварда шудааст. Бо пурра ба истифода супурдани маҷмаа, 850 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар маҳаллаи Оқбӯйро маҷмааи истироҳатии «Zarra Resort» дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад. Ин маҷмааи замонавӣ баъди анҷоми ҳамаи марҳилаҳои сохтмон, метавонад солона то 300 ҳазор нафар меҳмонро қабул намояд.

Тавре дар анҷумани матбуотӣ таъкид гардид, рушди саноат ва сайёҳӣ ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия низ таъсири назаррас расонидааст. Дар натиҷаи диверсификатсияи иқтисод, сатҳи бекорӣ дар ноҳия то 3,9 дарсад ва сатҳи камбизоатӣ то 1,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Таҷрибаи ноҳияи Самар­қанд собит месозад, ки истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муосир метавонанд рушди устувори иқтисодиро таъмин намоянд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ