Ovozi.uz

Ғалабаи дӯстӣ

Имрӯз дар мактаби варзишии рақами 1-и шаҳри Самарқанд ба муносибати 30-юми июл — Рӯзи дӯстии халқҳо бо иштироки намояндагони марказҳои миллӣ-маданӣ, ки дар вилоят фаъолият доранд ва аъзоёни фаъоли онҳо оид ба намуди минӣ-футбол, шашка ва шахмати варзиш мусобиқаи Ҷоми ҳокимияти вилояти Самарқанд баргузор гардид.

Мусобиқае, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, садорати варзиш ва шуъбаи вилоятии Фонди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ташкил шуд, таҳти шиори «Ҳамҷиҳатӣ, дӯстӣ ва варзиш — пойдевори тараққиёт!» доир гашт.

Дар мусобиқаҳое, ки бо рӯҳияи дӯстона баргузор гардиданд, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

Мувофиқи натиҷаи мусобиқаи минӣ-футбол, ҷои якум ба дастаи Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят, ҷои дуюм ба дастаи телерадиокомпанияи вилоят ва ҷои сеюм ба дастаи ходимони садорати маданият насиб кард.

Аз рӯи бозиҳои шоҳмот, намояндагони маркази миллӣ-мадании кореиҳо ҳар се ҷои ифтихориро соҳию шуданд. Ким Максим сазовори ҷои аввал, Тен Вадим сазовори ҷои дуюм ва Заргарян Виталӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

Дар бозиҳои шашка намояндаи маркази миллӣ-мадании тоторҳо Субҳонқулов Ахмед ҷои якум, намояндаи озарбойҷониҳо Хонифаев Адин ҷои дуюм ва намояндаи маркази тоҷикони вилоят Тошқул Азимов ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон ташаккурнома ва туҳфаҳоро сарвари Садорати маданияти вилоят Ботир Тугалов ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмоновҳо супурданд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар як ҷо ҷамъ омадани вакилони миллатҳои гуногун ва бо хурсандиву осоиштагӣ бо ҳам бозӣ кардани онҳо худ ғалабаи дӯстӣ мебошад.

Ҳасан СОДИҚОВ