Ovozi.uz

Иштирокчиёни форуми байналмилалӣ гусел карда шуданд

Анҷумани бонуфуз таҳти унвони «Якумин Форуми байналмилалии тамаддуни ислом: роҳи сулҳ, фарохдилӣ ва илму маърифат», ки рӯзҳои 9–10-уми июли соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, кори худро ба анҷом расонд.

Дар доираи форум олимон, уламо, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки аз зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ба Самарқанд ташриф оварда буданд, бо ҳам мулоқот намуда, доир ба мероси ғании илмӣ ва маънавии тамаддуни ислом, тарғиби васеи ғояҳои сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дирӯз ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд иштирокчиёни форумро гусел кард.

Иштирокчиёни хориҷӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани форум, шароити мусоиди фароҳамшудаю меҳмоннавозии самимӣ ва хоси шарқонаи Самарқанд изҳори сипос намуданд. Онҳо махсус таъкид карданд, ки ин форуми байналмилалӣ, ки дар Самарқанди бостонӣ ва ҳамешаҷавон баргузор гардид, на танҳо ба майдони муколамаи илмӣ, балки ба як минбари муҳим барои таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳамбастагӣ миёни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун табдил ёфт.

Форуми байналмилалии мазкур бори дигар нуфузи Самарқандро ҳамчун яке аз марказҳои илму фан ва муколамаи тамаддунҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта, садоқати Ӯзбекистонро ба тамоюлҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва маърифат бори дигар тасдиқ намуд.