Ovozi.uz

Ҷавонони Самарқанд дар Туркия: қадами муҳим ба сӯи ҳамкориҳои нав

Ҳайати ҷавонони вилояти Самарқанд дар барномаи байналмилалии таҷрибаивазнамоии ҷавонони Туркия ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, иштирок кард.

Дар доираи ин барнома сардори Садорати корҳои ҷавонони вилояти Самарқанд Шерзод Раҳмонов бо ҳокими ноҳияи Манавгат Одил Караташ мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни Ӯзбекистон ва Туркия, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баррасӣ шуданд.

Ҳайати ҷавонон ҳамчунин аз Донишгоҳи Аланя Алоуддин Кейқубод (ALKÜ) боздид намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таълими олӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ, баланд бардоштани иқтидори роҳбарии ҷавонон, дастгирии ғояҳои инноватсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда мубодилаи афкор карданд.

Ин мулоқоту вохӯриҳо барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои ҷавонони Ӯзбекистон ва Туркия ва ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дуҷониба қадами муҳим хоҳад шуд.