Ovozi.uz

Ҷараёни амалиёт ва категорияи замон дар «Шоҳнома» ва драмаҳои Шекспир

Яке аз ҷанбаҳои назаррас ва маъруфияти асарҳои классикӣ, қабл аз ҳама, абадияти образҳои хотирнишин мебошад, ки дар худ эҳсосу андешаҳои таъсирбахшро муҷассам намудааст. Зеро асарҳои мазкур новобаста аз шакл ва жанрҳои гуногун дар маркази диққат масъалаҳои умумибашариро қарор додаанд, ки саршори фалсафаи амиқ аст. Аз ин рӯ, ин асарҳо барои тамоми давру замон офарида шудаанд ва оҳанги имрӯзӣ касб менамоянд.

Достонҳои «Шоҳнома» ҳодисаҳои рӯзгорро дар шакли мифологӣ, таърихӣ ва афсонавӣ муҷассам месозад. Таваҷҷуҳ ба ин манбае, ки асрҳо боз дар давраҳои гуногун сарчашмаи офариниши санъаткорони бузург аст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки достонҳои «Шоҳнома» соҳиби сохтори драматикии қавӣ мебошанд. Дар асар баробари нигаҳдошти анъанаҳои шифоҳӣ, ҷанбаи тасвирии гуногун дар маҷмуъ ифодаи хешро соҳиб мешавад, ки ин махсусият асоси устувори комилияти сарчашмаест, ки солҳои зиёд пойдор аст. Зеро сарчашмаи асосии эпос ривоят аст, ки он танҳо хоси мардумест, ки таърихи бостонӣ дорад.

Аз лиҳози назарӣ дар драма бояд хонанда роҷеъ ба ҳодисаҳои гузашта тасаввурот дошта, аз анҷоми воқеа огоҳ бошад, зеро драма бидуни ғолибияти як тараф анҷом надорад. Яъне дар он зиддияти байни ду шахсият ва ду ҷаҳонбинии мухталиф инъикос меёбад.

Дар назарияи адабиёти муосир масъалаи ташкили ҷараёни амалиёт ва категорияи замон аз муҳимтарин унсурҳои таҳлили поэтикаи асари бадеӣ ба ҳисоб меравад. Ин ду унсур сохтори дохилии асарро муайян намуда, тарзи ташаккули воқеаҳо, рушди конфликт ва муносибатҳои қаҳрамононро бо воқеияти бадеӣ инъикос менамоянд. Воқеан, ин қонуниятҳои умумии инкишофи жанри адабӣ, ки тадқиқи онҳо аз нуқтаи назари муқоисавист, дар осори Фирдавсӣ ва Шекспир муҷассам шудаанд, ки онҳо намунаи барҷастаи ду жанри анъанавӣ — эпос ва драма мебошанд.

Дар илми адабиётшиносӣ мафҳуми сюжет ҳамчун тартиби бадеии ташаккули воқеаҳо дар асари адабӣ муайян карда мешавад, ки он тарзи махсуси ташкил ва ҷойгиршавии воқеаҳо дар асар буда, чун воситаи асосии муносибати муаллиф ба воқеияти тасвиршаванда муайян мегардад. Яъне, сюжет на танҳо маҷмӯи ҳодисаҳо, балки сохтори бадеии муташаккил аст. Аз ин нуқтаи назар сюжет на танҳо низоми воқеот, балки сохтори маъноии асар аст.

Хусусиятҳои ҷараёни амалиёт дар эпоси Фирдавсӣ дар сохтори сюжети он, ки ба шакли силсилаи достонҳои алоҳида ташкил ёфтааст, ба таври ҷолиб зоҳир шудааст. Ҳар як достон давраи муайяни таърихӣ, мифологӣ ё қаҳрамонии Эронро таҷассум месозад. Ҷанбаи асосии ҷараёни амалиёт дар эпоси Фирдавсӣ васеъ будани доираи воқеаҳо мебошад. Дар асар саргузаштҳои шоҳон, паҳлавонон ва шахсиятҳои гуногун ба таври пайдарпай тасвир шудаанд. Масалан, дар достони «Зол ва Рудоба» на танҳо саргузашти шахсии қаҳрамонон, балки масъалаҳои ахлоқӣ ва фалсафии муносибатҳои инсонӣ низ баён гардидаанд.

Дар эпоси Фирдавсӣ ҷараёни амалиёт мунтазам аст ва воқеаҳо дар доираи як давраи таърихӣ оғоз ёфта, тадриҷан инкишоф меёбанд ва ба нуқтаи кулминатсионӣ мерасанд.

Бар хилофи эпос, ки ба шакли нақлӣ инкишоф меёбад, асоси драма амали мустақими қаҳрамонон мебошад, зеро сохтори сюжет аз талаботи жанри драмавӣ бармеояд. Масалан, дар драмаи «Ҳамлет»-и Шекспир тамоми ҷараёни амалиёт ба конфликти ботинии қаҳрамон асос ёфтааст. Зиддияти байни эҳсоси интиқом ва меъёрҳои ахлоқии қаҳрамон ба рушди воқеаҳо таъсир мерасонад. Дар драмаи «Макбет» бошад, амалиёт дар асоси муборизаи ҳисси ҷоҳталабӣ ва оқибатҳои фоҷиавии он инкишоф ёфтааст.

Яке аз вижагиҳои муҳими драматургияи Шекспир динамикаи назарраси воқеаҳо мебошад. Саҳнаҳо ба суръати муайян иваз шуда, ҳар яке ба рушди конфликти асосӣ мусоидат менамояд.

Дар эпоси Фирдавсӣ мафҳуми замон хусусияти эпикӣ ва таърихиро соҳиб аст. Ҳодисаҳо метавонанд давраҳои тӯлонии таърихиро фаро гиранд. Замон дар ин ҷо на танҳо чаҳорчӯбаи воқеаҳо, балки воситаи нишон додани тағйироти таърихӣ аст.

Шоҳон иваз мешаванд, давлатҳо барҳам мехӯранд, вале арзишҳои ҷовидонии ахлоқӣ боқӣ мемонанд. Ин хусусият ба эпос характери таърихию фалсафӣ мебахшад.

Дар муқоиса бо эпос, дар драмаҳои Шекспир мафҳуми замон бештар фишурда ва драмавӣ аст. Воқеаҳо одатан дар муддати нисбатан кӯтоҳ инкишоф меёбанд. Ин хусусият ба талаботи саҳнавии театр алоқаманд аст. Барои нигоҳ доштани шиддати драмавӣ ба муаллиф лозим аст, ки воқеаҳоро дар доираи вақти маҳдуд нишон диҳад. Бо вуҷуди ин, Шекспир тавассути истифодаи монологҳо ва ёдоварии воқеаҳои гузашта доираи замонии асарро васеъ менамояд. Таҳлили муқоисавии ҷараёни амалиёт ва категорияи замон дар осори Фирдавсӣ ва Шекспир нишон медиҳад, ки фарқиятҳои асосии онҳо аз хусусиятҳои жанрии эпос ва драма бармеоянд. Яъне агар дар эпос замон доираи тӯлонии таърихиро фаро гирифта бошад, дар драма амалиёт динамикӣ ва фишурда, ба талаботи саҳна мувофиқ аст. Асари хамосавии Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва драматургияи Шекспир ду шакли муҳими инкишофи тафаккури бадеӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд. «Шоҳнома» ҳамчун намунаи классикии эпоси қаҳрамонӣ, ҷараёнҳои таърихӣ, устуравӣ ва ахлоқиро дар шакли достон таҷассум месозад, дар ҳоле ки драматургияи Шекспир воқеияти иҷтимоӣ, психологӣ ва фалсафии инсонро дар шакли саҳнавӣ инъикос менамояд.

Дар поэтикаи Фирдавсӣ замон бо мафҳуми «қисмат» ёки «тақдир» робитаи назаррас дорад, зеро воқеаҳо дар асар на танҳо дар ҷараёни замон сурат гирифтаанд, балки гӯё аз ҷониби як қувваи олӣ — чарх, фалак, ё гардун танзим мешаванд. Ба ин маънӣ, қаҳрамонон новобаста аз қудрат ва иродаи худ дар доираи замони муайян ва қисмати қаблан муайяншуда амал менамоянд. Бо ин хусусиятҳои номбурда достонҳои машҳури «Шоҳнома» ба драматургияи муаллифони машҳури Юнони қадим — Эсхил, Софокл ва Еврипид шабоҳат доранд.

Хусусияти даврии замон дар «Шоҳнома» аз вижагиҳои муҳими ин асари арзишманд аст, ки моҳияти он тасвири абадияти муборизаи некӣ ва бадист. Масалан сарнавишти қаҳрамонҳое чун Рустам ва Суҳроб, Исфандиёру Сиёвуш намунаи аслии такрори қонунҳои умумии ҳастӣ мебошад.

Категорияи замон дар достони «Рустам ва Суҳроб» ҷанбаҳои эпикӣ, таърихӣ, сюжетӣ, фоҷиавӣ ва равониро соҳиб аст. Он ҳамчун унсури муҳими бадеӣ ва маънавист. Тасвири замони воқеӣ ва пайдарпаии воқеаҳо нисбатан тӯлонӣ нест. Таваллуди Суҳроб, ба камол расидани ӯ, ҷустуҷӯи падар, разм бо Рустам ба тариқи пайдарпай муҷассам мешаванд. Замони фоҷиавӣ, ки ҷанбаи асосии достон маҳсуб мешавад, тасвири ҳақиқатест, ки мутаассифона, дер ошкор мешавад ва имкони ислоҳи он мавҷуд нест. Пайвастагии замон бо мафҳуми қазо ва қадар, ҷанбаи фоҷиавии асарро афзун месозанд, ин махсусият ба замони равонӣ низ пайваст аст. Интизории Суҳроб дар орзуи дидори падар, изтироб ва шубҳаи Рустам ҳангоми набард, лаҳзаҳои шинохти дер пас аз захмӣ шудани Суҳроб аз ҷиҳатҳои назарраси равонии достон мебошанд, ки ифодагари эҳсосоти амиқ буда дорои нишонаҳои қавии драматургӣ ҳастанд.

Дар асарҳои фоҷиавии Вилям Шекспир мафҳуми замон мисли қувваи ногузир аст, ки инсон қудрати боздоштани онро надорад. Дар тасвири Шекспир замон танҳо ифодагари ҷараёни воқеаҳо нест, балки он пайваста ба тақдири инсонист. Масалан, дар фоҷиаи Ҳамлет қаҳрамон эҳсос менамояд, ки низоми табиии ҷаҳон вайрон шудааст. Қаҳрамонҳо бо гузашти вақт тағйир меёбанд, бо шикасти руҳӣ дучор мешаванд ва шахсияти онҳо фурӯ мерезад. Дар фоҷиаи «Шоҳ Лир» шоҳ аз дараҷаи қудрат ба девонагӣ ва фоҷиа рӯ ба рӯ мешавад. Замони маҳдуд ва пуршиддат дар фоҷиаи «Отелло» боиси дар як муддати кӯтоҳ арзи ҳастӣ намудани қарорҳои нодуруст аст. Яъне дар фоҷиаҳои Шекспир мафҳуми замон чун қувваи ногузир, тағйирёбии шахсият ва аломати тақдиру марги фоҷиавист.

Агар Шекспир воқеан ҳамчун яке аз драматургони бузурги ҷаҳонӣ маъруфият дошта ва асарҳои ӯ дар тамоми саҳнаҳои ҷаҳон тафсири мукаммали хешро соҳиб шуда бошанд, пас чанд аср қабл дар шоҳасари Фирдавсӣ «Шоҳнома» низ унсурҳои пурқуввати драматургӣ ба мисли конфликт, диалог, сюжетҳои муташаккил, қаҳрамонони типологӣ назаррас мебошанд. Яъне эпоси манзум на танҳо як манбаи таърихию эпикӣ, балки сарчашмаи муҳими драматургӣ ба шумор меравад, ки дар рушди тафаккури театрӣ ва саҳнасозӣ таъсири ҷудогона дорад. Дар сохтор, мӯҳтаво ва тарзи таъсири воқеаҳо унсурҳои равшани драмавӣ ба таври мукаммал мушоҳида мешаванд. Ин хусусият онро ба матни драматургӣ табдил медиҳад, ки барои тафсири театрӣ қобили истифода аст.

Муқоисаи драматургияи Шекспир бо достонҳои «Шоҳнома» собит месозад, ки миёни анъанаҳои адабии Шарқ ва Ғарб умумияти типологӣ вуҷуд доранд. Бо вуҷуди тафовути жанрӣ (эпос ва драма), сарфи назар аз фарқияти шакл ва заминаи таърихӣ, драматургияи Шекспир ва достонҳои «Шоҳнома» дорои умумиятҳои назарраси сохторӣ мебошанд. Ин умумиятҳо нишондиҳандаи ягонагии тафаккури бадеии инсонӣ ва тамоюли умумии адабиёти ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома»-ро метавон чун манбаи мӯътамад ва қавии драмавӣ баррасӣ кард, ки дар бисёр ҷиҳатҳо бо анъанаи драматургии шекспирӣ ҳамоҳанг аст.

Баҳора ХУРРАМОВА, олими санъатшинос