Тарбуз яке аз зироати машҳури полизии дӯстдоштатарин ва серистеъмолтарин дар фасли тобистон мебошад. Он таъми ширин, тароватбахш ва миқдори зиёди об дорад. Тақрибан 90-92 фоизи тарбуз аз об иборат буда, барои нигоҳ доштани оби бадан, махсусан дар рӯзҳои гарми аномалӣ бисёр муфид аст.
Тарбуз дорои витаминҳои А, С, инчунин калий ва дигар моддаҳои ғизоӣ мебошад. Ин витаминҳо барои мустаҳкам шудани масуният, солимии пӯст ва фаъолияти хуби организм аҳамияти калон доранд. Дар тарбуз моддаи ликопен мавҷуд аст, ки ба он ранги сурх медиҳад ва ҳамчун антиоксидант амал мекунад.
Истеъмоли тарбуз ба паст шудани эҳсоси ташнагӣ, беҳтар шудани кори ҳозима ва таровати бадан мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, он яке аз беҳтарин зироат барои фасли тобистон ба ҳисоб меравад. Бо истеъмоли мӯътадили он инсон метавонад дар рӯзҳои гарм худро тароватбахш ва солим нигоҳ дорад.
Пеш аз буридан тарбузро тоза шустан лозим аст, то ки микробҳо ба дохили он роҳ наёбанд.
